ШАҲРИ КӮЛОБ ЗИЁД НАМУДАНИ АЪЗОИ ҲХДТ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОНУ ҶАВОНОН3-05-2017, 16:01
Хабарро хонданд: 229 нафар
Назарҳо: 0
Бо мақсади зиёд намудани аъзои ҲХДТ аз ҳисоби занону ҷавонон Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ш. Кӯлоб тасмим гирифтааст, ки сӯҳбату вохӯриҳоро дар байни ҷомеа бештар намояд. Бо ин мақсад санаи 02.04.2017 бо занону ҷавонон дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии «Парасту» ва «Дурахшон» вохӯрӣ баргузор гардид. Зимни вохӯриҳо раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ш. Кӯлоб Валиева Саъбагул ва шоираи ваҳдатсаро Хосит Вализолда Иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар рафти вохӯриҳо раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул изҳор кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 22.12.2016 ироа гардида буд, соли 2017-ро «Соли ҷавонон» элон намуданд. Ҳамзамон гуфт, ки бо ҷонибдори аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар самти дастгирии ҷавонон, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ш. Кӯлоб кушиш менамояд, ки аъзои ҳизбро аз ҳисоби ҷавонон ва занон зиёд намояд. Дар охири вохӯриҳо ба аъзои нави ҲХДТ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ суорида шуд, ки бештари онҳоро занону ҷавонон ташкил медод |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.