Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Иштироки Сироҷидин Аслов дар нишасти вазирони корҳои хориҷии Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Япония»

Иштироки Сироҷидин Аслов дар нишасти вазирони корҳои хориҷии Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Япония»

2-05-2017, 10:03
Хабарро хонданд: 211 нафар
Назарҳо: 0
Иштироки Сироҷидин Аслов дар нишасти вазирони корҳои хориҷии Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Япония»
ДУШАНБЕ, 02.05.2017 /АМИТ «Ховар»/.1 майи соли 2017 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар ҷаласаи 6-уми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Япония», ки дар Ашқобод баргузор шуд, ширкат ва суханронӣ намуд.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Япония натиҷаҳои раёсати Туркманистонро дар Муколама баррасӣ намуда, самтҳои наву дурнамодори ҳамкории минтақавиро мушаххас карданд. Дар ин замина ширкаткунандагон ба Ҳукумати Япония барои дастгирии ҳамаҷонибаи талошҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ арзи сипос намуданд.
Таъкид гардид, ки натиҷаҳои сафари Сарвазири Япония ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соли 2015 марҳилаи сифатан навро барои рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳусни эътимод байни Осиёи Марказӣ ва Япония оғоз бахшид ва татбиқи муштараки натиҷаҳои онҳо уфуқҳои ҳамкории дуҷониба ва байниминтақавиро васеъ намуд.
С Аслов дар суханронии худ бар аҳамияти тавсеаи ҳамкории созандаи дуҷониба ва минтақавӣ ва зарурати истифодаи густурда аз иқтидори кишварҳои Муколама ҷиҳати таҳкими робитаҳо дар арсаҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, кишоварзӣ, фарҳангию башарӣ, нақлиётӣ ва дигар соҳаҳо, ки унсурҳои калидии ҳамгироии минтақавӣ ва омили сулҳу субот мебошанд, таъкид намуд. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба рӯзномаи Муколама ворид намудани масъалаҳои мубориза бо терроризм, пешгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир ва мусоидат ба рушди осоиштаи Афғонистонро мубрам арзёбӣ кард.
Дар натиҷаи нишасти вазирони корҳои хориҷии Муколамаи «Осиёи Марказӣ +Япония» Баёнияи муштарак ба имзо расид ва Харитаи роҳи ҳамкории минтақавӣ дар соҳаҳои нақлиёт ва логистика қабул карда шуд.
Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Муколама аз таъйини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси кишвари раисикунанда дар давраи солҳои 2017-2018 ва ба ин муносибат аз баргузории нишасти 7-уми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Япония дар Душанбе истиқбол намуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: