Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Пешгирӣ бояд кард...

Пешгирӣ бояд кард...

27-04-2017, 07:59
Хабарро хонданд: 269 нафар
Назарҳо: 0
Пешгирӣ  бояд кард...
Ҳар зуҳуроту навгониҳое, ки дар ҷомеаи башарӣ пайдо мегардад, агарчӣ муҳимоти муҳимтарин зиндагӣ ҳам бошад таъсири чандтарафа дошта метавонад ба дигар омилҳо сабабгор бигардад.
Бино ба таҳқиқоти олимони коллеҷи шоҳонаи Лондон кӯдаконе, ки пеш аз хоб рафтан аз смартфону планшетҳо истифода мекунанд, назар ба онҳое ба онҳо дастрасӣ надоранд, аз ихтилоли хоб ранҷ мебаранд.
Олимон натиҷаи 20 таҳқиқотро, ки дар маҷмӯ 125 ҳазор кӯдаки аз 6 то 19-сола ширкат варзидааст, таҳлил кардаанд. Муайян гардидааст, ки истифодабарии смартфон ва дигар таҷҳизотҳои мобилӣ пеш хоб рафтан ба хатари камхобӣ ва хоболудии аз ҳад зиёди рӯзона оварда мерасонад, ки дар натиҷа дар кудак ҳолати вазнинине эҳсос карда мешавад. Ҳатто ҳузури гаҷҷетҳо дар ҳуҷраи хоб ба сифати он метваонад таъсир расонад. Далел ин аст, ки кӯдакон ҳамавақт омодаанд ба пайёмакҳо ҷавоб нависанд ва интизоранд, ки касе ба онҳо чизе нависад.
Вайроншавии хоб дар кӯдакон ба саломатӣ, таъсири манфӣ расонида, ба бадшавии иштиҳо, фарбеҳӣ, коҳиш ёфтани низоми иммунӣ ва ба қатъи афзоишу инкишоф оварда мерасонад
Аз нигоҳи муҳаққиқон, густариши маҳбубияти гаҷҷетҳо минбаъд боиси вайроншавии хоб дар кӯдакон мегардад. Кам кардани дастрасии фарзандон ба смартфонҳо ва ташвиқи рафтори дуруст пеш аз хоб роҳи ҳалли ин масъала буда метавонад.
Ҳоло ки дар кишвари мо истифода бурдани таҷҳизотҳои техникиву мобилӣ ва дастраси ба онҳо маҳдуд аст, моро месазад, ки чунин омилҳоро сари вақт пешгири ва амалан чораандеши намоем дар сурате, ки минбаъда бозори онҳо ҳар нафаре, ки дар ҷомеа зиндагонӣ мекунад новобаста аз хурду калон буданаш албата ба худ ҷазб хоҳад кард.
Таҳияи Фирдавси Абдураҳмон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: