Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Тоҷикистон дар рейтинги кишварҳое, ки барои сайёҳӣ ҷолибанд, 12 зина боло рафт

Тоҷикистон дар рейтинги кишварҳое, ки барои сайёҳӣ ҷолибанд, 12 зина боло рафт

14-04-2017, 15:58
Хабарро хонданд: 203 нафар
Назарҳо: 0
Тоҷикистон дар рейтинги кишварҳое, ки барои сайёҳӣ ҷолибанд, 12 зина боло рафт
ДУШАНБЕ, 14.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар арсаи ҷаҳонии рақобатпазирӣ дар соҳаи сайёҳӣ, ки аз ҷониби Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ (ФҶИ) муаррифӣ гардид, Тоҷикистон аз 136 ҷойи имконпазир мақоми 107-умро касб кард. Дар ин бора сомонаи «eadaily.com» хабар медиҳад.

Бино маълумоти ФҶИ, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 холи имконпазир 3,2 хол гирифта, дар давоми ду сол аз 119-ум ба 107-ум ҷой боло рафт. Беҳтарин нишондодро (5,7 хол) Тоҷикистон дар категорияҳои «амният», «тандурустӣ ва беҳдошт» ба даст овард.

Ҷолиби диққат аст, ки Тоҷикистон дар рӯйхати кишварҳое, ки дар давоми як сол ҷаҳиши беҳтарини сайёҳӣ нишон доданд, алоҳида қайд шудааст. Дар ин рӯйхат Тоҷикистон дар зинаи сеюм қарор гирифт. Дар ҷойи аввал Ҷопон ва дар ҷойи дуюм Озарбойҷон мебошанд.

Россия дар ин рейтинг дар мақоми 43-юм, Қазоқистон дар 81-ум ва Қирғизистон дар 115-ум қарор гирифтанд. Ӯзбекистон дар ин феҳрист дохил нашудааст. Рейтингро Испания пешсафӣ карда, аз паси он Франсия ва Олмон мераванд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: