Кӯлоб: гусели сарбозон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон6-04-2017, 09:12
Хабарро хонданд: 262 нафар
Назарҳо: 0
ДУШАНБЕ, 05.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. 4 апрел бахшида ба рӯзи даъвати баҳорӣ ва гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Парчами миллии шаҳри Кӯлоб ҷамъомади идона доир гашт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб хабар доданд. Дар ҷамъомад зикр гардид, ки хизмат баҳри Ватан ин қарзи ҳар як ҷавонмарди бонангу номуси Ватан мебошад. Барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонун комиссариати ҳарбӣ он нафаронеро даъват намудааст, ки солашон ба 18 расидааст. Рӯзи аввали даъвати баҳорӣ наваскарон дар комиссариати ҳарбии шаҳри Кӯлоб 51 нафар ихтиёриён барои адои хизмати Модар- Ватан аз комиссияи тиббӣ гузаштанд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.