Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Дар рӯзҳои Наврӯз Хуҷанд гулпӯшу сарсабз хоҳад шуд

Дар рӯзҳои Наврӯз Хуҷанд гулпӯшу сарсабз хоҳад шуд

21-03-2017, 10:45
Хабарро хонданд: 238 нафар
Назарҳо: 0
Дар рӯзҳои Наврӯз Хуҷанд гулпӯшу сарсабз хоҳад шудДар шаҳри Хуҷанд мавсими шинондани гулҳои ороишӣ идома дорад. То имрӯз аллакай бо кушишу заҳмати кормандони 8 қитъаи хоҷагию манзилӣ ва Муассисаи давлатии кабудизоркунӣ ва гулпарварии шаҳри Хуҷанд 20 ҳазор бех гули садбарг, 54 ҳазор дона гули навъи «канна» ва 15 ҳазор гулҳои орошии ҳолландӣ ва маҳаллӣ шинонда шудааст.
Бо назардошти имконияти мавҷуда бо супориши Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз ба корҳои гулшинонӣ ва ороишӣ дар майдонҳои шаҳр вусъати тоза дода шуда, барои гулпӯшу сабзпӯш намудани шаҳри Хуҷанди бостонӣ дар рӯзҳои таҷлили Иди Наврӯз бештар аз 1 миллион дона гулҳои орошӣ шинонда ва корида мешавад. Ҳамзамон шинондани ниҳолҳои сояафкан ва орошӣ низ дар кӯчаю хиёбонҳои маркази вилоят идома ёфта, тибқи маълумоти то ба имрӯз омодагашта, дар шаҳр 4 ҳазору 702 бех чунин ниҳолҳо шинонда шудааст. Дар мавсими имсола мутахассисон афзалияти бештарро ба ниҳолҳои ороишӣ ва сояафкани навъи ёси ҳиндӣ, ёси форсӣ, ардач, сарвинози шарқӣ, сарвинози аризонӣ, санавбар ва пальма доданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: