Суфраи наврӯзӣ20-03-2017, 10:45
Хабарро хонданд: 606 нафар
Назарҳо: 0
Суфраи наврӯзӣ яке аз рукнҳои асосии ҷашни бузурги мо-тоҷикон мебошад. Дар ривоятҳои ориёӣ омадааст, ки ҳафтсину ҳафтшин ба мазҳари ҳафт офаридаи муқаддас Аҳурамаздо пайванди ногусастанӣ доранд. Агар аз дидгоҳи мардумшиносӣ ба моҳияти ин ойин нигарем, он танҳо хони идона нест, он бо шугуну боварҳо ва розу рамзҳо, ки бо асотир ва таърих омезиш ёфта, маърифат, хираду дониш ва ҷавҳари ботинии инсон, дар маҷмӯъ хилқати башарро ифода месозад. Ба иборати дигар, он баёнгари фазо ва муҳити наврӯзӣ ва рушду боландагии табиат мебошад. Хони наврӯзӣ аз матои сафед омода шуда, рамзи покӣ, тозагӣ, нафозат буда, ба қавли донишмандон намоди Сипандормуз, яъне хиради комил, меҳру муҳаббат, ишқи пок, порсоиро баён мекунад. Гузашта аз ин, меҳр варзидан ва талқини некиву накӯкорӣ ва парастиши зебоиҳои зиндагонӣ низ ба Сипандормуз тааллуқ дорад. Аз ин дидгоҳ, ҳафт хони наврӯзӣ, ки рамзи бороварии Замин аст, бо рақами ҳафт, ки дар тақвими гузаштаи ниёгони мо шумораи муқаддас ба шумор меравад, иртиботи қавӣ дорад. Ҳафт фариштаи осмонӣ, ҳафт табақаи осмон, ҳафт табақаи Замин, ҳафт сайёра, ҳафт фалаки коинот, ҳафт кишвар, ҳафт иқлим, ҳафт рӯзи ҳафта, ҳафт зинаи камолоти маънавии инсон, ки ҳар кадом дорои шугун, бовар, устура ва ривояту таърих буда, аз ғанӣ будани фарҳанги миллати куҳани мо шаҳодат медиҳад. Ҳафт хони наврӯз, пеш аз ҳама бо ҳафтсин ва ҳафтшин оғоз меёбад. Аксари мардуми ориётабор аз рӯзгори куҳан то имрӯз хони наврӯзии худро бо номи ҳафт син, аз ҷумла санҷид, себ, сабза, суманак, сикка, сирко ва сипанд оро медоданд. Илова бар ин, рӯи хони наврӯзӣ як зарфи об бо моҳии сурх, оина, шамъ, гулоб, ширинӣ низ мегузоранд, то он бошукӯҳтар гардад. Санҷид бӯи хушу гуворо дошта, рамзи нишони дилдодагӣ ба табиатро ифода месозад. Он барангезандаи ишқу нишот ва шӯру шаафи ҷавонӣ ва намоди зоишу таваллуд мебошад. Баъзе аз донишмандон онро «муқаввои ақл» низ донистаанд. Ба ин сабаб, рамзи асосии санҷид ниҳодан ба хони наврӯзӣ намоде аз донишу хирад будааст. Аз маводи ғизоии ҳафтгона себ рамзи дувуми ҳафтсин мебошад. Ағлаби мардумшиносон ба он эътиқод доранд, ки себ рамзи тандурустии инсон мебошад. Дар тибби мардумӣ омадааст, ки ҳар кас ҳар рӯз як дона себ хурад, ӯро ба пизишк эҳтиёҷ намонад. Дар урфият мегӯянд, ки себ ду рух дорад: нимаи нахусти он ба дӯст ва нимаи дувуми он ба рухи ёр ташбеҳ шудааст. Севумин «син»-и хони наврӯзӣ сабза аст. Ин сабза пеш аз ҳама ба рӯиш, зинда ва бедор шудани табиат марбут мебошад ва рамзи сарсабзӣ, нумӯ ва хуррамии инсониятро бозгӯ менамояд. Инсон ҳам мисли сабза аст, гоҳ чун баҳор пуршукуфа мегардад ва гоҳе дигар чун тирамоҳ хазон мешавад. Ба иборати дигар, аз раванди рӯиш то фарсоиш нигоҳ кунем, он рабту низоми коинотро ифода карда, таҳвилу тағйири муҳит, фазо, замон ва вақтро ба субут мерасонад. Бинобар ин, мардуми ориёитабор сабзаро дар хони худ чун нишони тароват, боландагӣ, хуррамӣ мегузоштанд ва онро рамзи сари сол медонистанд. Чаҳорумин унсури суфраи идона суманак ғизои маъруфи наврӯзӣ аст. Он дорои тамаддуни ғании кишоварзӣ будани мардуми моро баён сохта, нишони ғизо гирифтан ва паҳлавонӣ низ мебошад. Бесабаб нест, ки онро ғизои «мардофарин» ном мебаранд. Зеро ин таоми идона аз тухми ғалла таҳия мешавад ва ғалла дар суннати дерини ниёгони мо, пеш аз ҳама ба файзу баракат иртибот дорад. Пухтани суманак дар фарҳанги мо бо рангу ҷилои гунонун тасвир ёфта, тоҷикон онро назри баҳор медонанд: Суманак назри баҳор аст, Ҷашни ҳар шабзиндадор аст, Дилхушӣ соле ба кор аст, Соли дигар боз биё! Рамзи дигари хони наврӯзӣ сикка мебошад. Он нишони дороӣ ва сарват, сахову баракат ва хайру эҳсон мебошад. Гузаштагони мо ба он хотир рӯи хони худ сиккаҳои симу зар мегузоштанд, ки дар Соли нав рӯзгорашон бобаракат, фаровон, орому осуда сипарӣ шавад. Сериву пурӣ, фаровонӣ, арзонӣ низ аз рамзҳои сиккагузорӣ рӯи хон аст. Тавонгарӣ шуҷоатро низ бозтоб медиҳад. Хони наврӯзиро сирка, ки рамзи шашуми он мебошад, оро медиҳад. Онро муқаввии ҳофиза ва қалб гуфтаанд. Он ба масобаи пизишкест, ки инсонро дармон мебахшад ва аз дарду офатҳо эмин нигоҳ медорад. Онро рамзи ризову тасаллӣ низ қаламдод кардаанд. Барои гувориш ва ҳазм шудани таом аз анвои гуногуни сирко, ба мисли шарбатҳои ангур, себ, гелос, олуболу, шафтолу, зардолу таҳия мегардад, истифода мекунанд. Ин ба сони муъҷизаест, ки чарбшӯст ва мухтассоти зиддисаратонӣ дорад. Сипанд ё ҳазориспанд охирин «син»-и ҳафтсини хони наврӯзист. Онро донишмандон рамзи сабр ва таҳаммул донистаанд. Дар хони наврӯзӣ он намоди пойдорӣ ва муқовимат буда, инсон талош меварзад, то ба ҳадафҳои дар пеш гузоштаи худ бирасад. Дар тиби мардумӣ он аз доруҳои асосӣ ба ҳисоб рафта, барои пешгирии бемориҳои зиддиуфунӣ, зуком ва тақвияти қувваи биноӣ истифода мешавад. Дар урфият мардуми мо, онро «гиёҳи балогардон» номида, онро аз ҷумлаи адвияи мусаккин донистаанд. Донаҳои ҳазориспандро рӯи зарфи наврӯзӣ гузошта, бо фаро расидани Наврӯз онро ба хотири дафъи балоҳо месӯзонданд. Ба қавли машҳур он ба ҳазор дард даво будааст. Гузаштагони мо густардани ин хони наврӯзиро ба дӯши духтари дӯзишае мегузоштанд, то баъд аз тановули маводи ғизоӣ пиронсолон дуо кунанд, ки соҳиби шавҳари хуб ва фарзандони накӯ гардад. Ин ҳам яке аз суннатҳоест, ки мардуми мо то имрӯз нигоҳ доштаанд. Дар баробари ҳафт син ниёгони мо дар хони наврӯзии худ ҳафт шинро низ мегузоштанд, ки он иборат аст аз шароб, шакар, шаҳд, шир, шамъ, шамшод ва шоба. Имсол аз ҷаҳонӣ шудани Наврӯз шаш сол сипарӣ мегардад. Яке аз ташаббускорони ҷаҳонӣ шудани Наврӯз Тоҷикистон мебошад. Бояд гуфт, ки баъд аз истиқлол ёфтани Тоҷикистон дар кишвари зебоманзар ва биҳиштосои мо бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни бузург ва муқаддаси миллиамон –Наврӯз асолати воқеии худро ёфт. Биступанҷ баҳор аст, Наврӯз ҳар сол дар ноҳияе бо рангу бори нав дар кишвари мо таҷлил мегардад, урфу суннатҳои гузаштаи мо бори дигар бо шукӯҳу шаҳомати хосса зинда шуданд. Ба қавли маъруф Тоҷикистон ватани Наврӯз шудааст. Имсол тантанаҳои асосии ҷашни Наврӯзи Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода баргузор мегардад ва дар айёми наврӯзӣ мардуми шарифи кишвар дар ҳар гӯшаи диёри ҳамешабаҳорамон онро пешвозу истиқбол хоҳанд гирифт. Абдуғаффор Юсуфов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.