ЭЛИТАИ СИЁСИИ ТОҶИКИСТОН17-03-2017, 11:31
Хабарро хонданд: 1146 нафар
Назарҳо: 0
Омилҳои ташаккули он дар давраи истиқлолияти давлатӣ Дар марҳилаи ҳозираи инкишофи ҷомеаи тоҷикистонӣ масъалаи марбут ба сифати ташаккули элитаи сиёсӣ аҳамияти муҳими илмию амалӣ ба худ касб менамояд. Бисёре аз қарору роҳнамоиҳое, ки барои ба амал баровардани рушди ҷомеа, таъмини суботи иҷтимоӣ ва ғайра қабул карда мешаванд, маҳз ба ҳамин масъала алоқамандии ногусастанӣ доранд. Барои ба моҳияти ин масъала сарфаҳм рафтан баррасии ҷанбаҳои методологию назариявии он хеле муҳим ба назар мерасад. Зеро то имрӯз таваҷҷӯҳ ба ин масъала бештар хусусияти публисистӣ дошта, ҷанбаҳои омӯзиши иҷтимоию ҷомеашиносии элитаи сиёсӣ ҳамчун мақулаи мустақили тавзеҳдиҳандаи сифат ва дараҷаи муайяни инкишофи ҷомеа камтар мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифтааст. Дар сурате, ки зимни истифодаи чунин мафҳум зарурияти дарки он, кикадом гуруҳҳои мушоҳидашавандаи амалӣ ба он тааллуқ мегиранд ва кадом вазифаро ба фаъолияти онҳо метавон вобаста намуд, ҳамеша пеш меояд. Аз нуқтаи назари баёншуда мафҳуми элита на фақат мақулаи сирф дастраси амал, балки тибқи қазовати Макс Вебер ба андозаи бештар мафҳуми дорои вижагии типи идеалӣ ба шумор меравад, ки бо мақсадҳои таҳқиқотӣ истифода бурда мешавад. Барои аз ин мавқеъ ба таҳлили масъала наздик шудан шарҳу тавзеҳи мақулаи мазкур дар ин ҷо муносиб аст. Тибқи тавзеҳи роиҷ «мафҳуми «намунаи ормонӣ» яке аз мафҳумҳои калидӣ дар маърифати иҷтимоии Вебер ба шумор меравад. Дар робита ба ин ёдовар бояд шуд, ки Вебер чунин ақида дошт, ки ҳеҷ низоми илмие қодир нест, ки битавонад тамоми воқеиятҳои объективиро боз тавлид кунад. Ҳамаи илмҳо ба абстраксиякунонӣ (таҷрид) эҳтиёҷ доранд. Бо такя аз ин дидгоҳи назариявӣ барои муайян намудани қишрҳои иҷтимоӣ ва гурӯӯҳҳои ба сифати элита ба инобат гирифташаванда чунин аломатҳое ба монанди захираҳои иҷтимоӣ, донишҳои махсуси роҳбарикунӣ, имконияту қобилияти таъсиррасонӣ ба рафтори одамон, иродаи идоракунии одамон, дастрасӣ ба ҳокимият ва ғайра дар мадди аввал меистанд. Маҳз ҳамин аломатҳо як гурӯҳро аз гурӯҳи дигар фарқ мекунонад ва хусусияти махсуси фаъолияти онро ифода менамояд. Аз ин рӯ, имрӯза ҳунар ва илми идоракунии аз ҷониби элита татбиқшавандаро аз зарифтарин, душвортарин ва пурсамартарин корҳои одамӣ медонанд ва ба унвони яке аз шохисҳои муҳими тамаддуни муосир ва аз ҷумла омилҳои таъсирбахш дар рушд ва тавсияи иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иқтисодию сиёсии ҷамоеи кунунӣ ба ҳисоб меоваранд. Дар қарни охир аҳамият ва таъсири бахши ин дониши башарӣ то он ҳадд аст, ки баъзе аз соҳибназарони қарни бистумро асари мудирият ва элитаи имрӯзаро дунёи элита медонад ва илми элитологияро дар шумораи яке аз муҳимтарин ва печидатарин риштаҳои улуми инсонӣ мешуморанд. Зеро ба кӯмаки элитаи тавонманд ва огоҳ ба усули назарияҳо ва сабкҳоюмаҳоратҳои идоракунӣ метавон чеҳраи созмонҳои санъатӣ, бозоргонӣ, идорӣ ва омӯзиширо дигаргун сохт. Аз манбаъҳои молӣ ва моддӣ, технологӣ ва нерӯи инсонӣ ҳадди аксар баҳра бурд ва бо барномарезии саҳеҳ ва воқебинона ва созмондиҳии ҳушмандона дар ҳар як аз созмонҳои мухталиф, низом ва ҳамоҳангӣ эҷод намуд ва таҳқиқи ҳадафҳои дастгоҳҳои мухталифро мумкин сохт. Бинобар ин элита яке аз аркони муҳими ҳар созмон ва ҷомеа аст. Аз байни навъҳои элитаи иҷтимоӣ ҷанбаи сиёсии он аз аҳамияти муҳим бархурдор аст. Зеро тамоми ҳадафҳо ва омилҳои татбиқи он идоракунии омӯзиши инсонӣ аст ва нақшу рисолати инсонҳо аз як сӯ табдили инсонҳои худогоҳ ва рушдёфта, халоқу санъатгар ва аз ҷониби дигар таъминкунандаи неруи инсонии ҷомеа дар бахшҳои мухталифи фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ аст. Ба ибораи дигар агар эътиқод дошта бошем, ки тамоми созмонҳо, муассисоти давлатӣ ва хусусӣ аз маҳсулоти парвандаҳои омӯзиш ва парвариш баҳра мегиранд ва омӯзишу парвариш таъминкунандаи нерӯи инсонии онҳост, агар муътақид бошем, ки омӯзиш ва парвариши ҳар ҷомеа дар роъси масоили он аст идоракунии сиёсии он низ бо ҳамон мантиқ ҷойгоҳи муҳим дар тавсиаи ҷомеа дорад. Агар элитаи сиёсии як ҷомеа дорои дониш ва маҳорати кофӣ бошанд бе тардид низоми идоракунии он низ аз таъсири бахш ва эътибори баланд бархурдор хоҳад буд. Дар айни замон дар натиҷаи таҳавулоти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ низоми идоракунии ҷомеа ва ниҳодҳои он куллан дигаргун шуда, амалкарди ин низоми аз ҳассосиятҳои махсус бархурдор аст, зеро ҳадафҳо ва омилҳои он инсон ва ниёзҳои ӯ аст.Моҳияти асосии амалкарди элитаи сиёсӣ таъмини ҳамоҳангии сармояи инсонӣ ва моддии ҷомеа ҷиҳати ба даст овардани мақсадҳои инкишофи босубот мебошад. Дар мероси фарҳангии мардуми тоҷик низ мутафаккирони он ҳамчун аломатҳои муҳими амали сиёсии масъулони идоракунии ҷомеа тавзеҳ додаанд. Масалан, ба қавли Саъдии Шерозӣ ба андозае бояд рафтор намуд дар амри мудирият ва масъулиятҳоро хуб дарк кард то ки шахс рафоеъ ва сарбаланд гардад: Бар пояи қадр хуиш ниҳи пой, То бар сари осмон кунӣ ҷой. Аз сайл чу кӯҳ саргардон, Силӣ хуру рӯй бармагардон. Чун об раванда хуш аннон бош, Ҳар ҷо, ки расӣ лутфрасон бош. Хоҷа Насриддини Тӯсӣ низ масоили зиёдеро дар заминаҳои мухталифи мудирият китоби маъруфи худ «Ахлоқи носирӣ» матраҳ месозад.Ӯ дар хусуси равобити инсонӣ ба мудирият тавсия мекунад, ки равобити худ бо зердастонро бояд, дар асоси муҳаббат ва якдгарфҳмӣ ба роҳ монанд, на дар асоси тарс. Идоракунанда бояд барои таъмини имкониятҳои афрод ҳамеша дар талош бошадва ниҳоят бо онҳо чунон рафтор кунад, ки кормандон инро эҳсос намуда, аз рӯи нишот ва виҷдон кор кунанд на аз рӯи маломат. Ӯ равишҳои ташвиқ ва танбеҳро мавриди таваҷҷӯҳ қарор медиҳад. Ба ақидаи файласуф бояд силсилаи мураттаби идорӣ риоя шавад. Мудир бояд аз нигоҳи хусусиятҳои мудирият аз дигарон бартарӣ дошта бошад. Дар марҳилаи аввали истиқлолёбии мамлакати мо баъзе аз гурӯҳҳои сиёсӣ кӯшиш намуданд, ки амалияи ташаккулёбии идоракунии ҷомеаро дар заминаи бевоситаи ворисияти таърихӣ роҳандозӣ намоянд. Дар ин замина муроҷиат ба таърихсозии маҳаллу насабҳо хеле ривоҷ пайдо кард, ки баъдан бо дастури роҳбарияти имрӯзаи давлат ҷанбаи манфӣ доштани ин амалия баён шуд ва ба тадриҷ он суръати худро суст намуд. Зеро дар ин раванд устураҳое ба миён омаданд, ки дар онҳо ҳақиқати таърихӣ дар бисёр маврид ҷойи худро ба таҳрифи фактҳои объективӣ дод. Оид ба ин массъала андешаи баъзе аз ҷомеашиносони мо қобили зикр аст, ки мефармоянд: «Амалияи устурасозии навини ичтимоии гуруххою умумиятхои ичтимои бо вучуди заминаи умуми доштанашон дар тафсири тагйиротхои дар макомхои ичтимоии гуруххо, умумиятхо, тамоюли хуввиятсозии онхо, кушиши батиртибдарории дарки дастачамъонаи вокеияти ташаккулёфта дар минтакахои гуногуни кишварамон хусусиятхои ба худ хосро дорад. Барои фахмотар шудани матлаби аслии казовати мазкур овардани якчанд намунаи мисолро аз натоичи бархурди мо бо махсули тачрибаи устурасозии ичтимоии дар хаёти кунунии чомеаамон чойдоштаро аз манотики гуногун зарур мешуморам. Чуноне ки ёдовар шудем яке аз омилхои мухими чалби таваччухи гуруху умумиятхои ичтимои ба амалияи устурасозии ичтимои ин марбут ба тагйироти рамзхои хуввиятии онхо мебошад. Дар ин маврид умумиятхои ичтимои дар хошияи кушиши шархи мухтавои падидахои имрузаи чомеа мундаричаи рамзхои хуввияти ибтидоии худро низ аксаран чой медиханд ва бо ин бартарияти макоми ичтимоияшонронишон медиханд». Ҳамин тавр, тасаввуроти бунёдие, ки аз андешаҳои фавқуззикр бармеояд, аз он иборат аст, ки бо мурури тағйир ёфтани низоми иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди ташаккули элитаи сиёсӣ низ ба марҳилаи кулан нав ворид гардид. Чуноне ки коршиносон қайд менамоянд: «Элитаи ҳозираи тоҷик дар шароити душвори ҷанги шаҳрвандӣ ташаккул ёфт. Вақт интихоби табиии сиёсии худро анҷом дод – онҳое зинда монданд, ки қавитарин, нисбатан хирадманд ва ба маротиб ояндадор буданд. Онҳо на «бо сарнайзаҳо», балки, баръакс, бо ҳадафҳои нек, ниятҳои оштӣ додану сулҳ кардан бо мухолифини сиёсии худ ба сари қудрат омаданд. Аз рӯи инсоф бояд зикр намоем, ки расман бисёр буданд онҳое, ки барои қудрат талош меварзиданд, вале танҳо Эмомалӣ Раҳмон ҷуръат кард, ки масъулияти қонуниро барои ояндаи кишвар ва мардум ба зиммаи худ гирад. Ӯҷавонтарин роҳбари давлат дар фазои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ буд ва имрӯз Пешвои миллат эътироф гардид. Солҳои 90 ӯ рақиби сазоворе надошт. Ҳамчунин, дар интихоботи баъдинаи президентӣ низ рақибони асосии ӯ аз Иттиҳоди неруҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон муддати зиёд доир ба номзадашон ба қароре омада натавонистанд. Тадриҷан Эмомалӣ Раҳмон дар атрофи худ гурӯҳи одамони боғайрат ва ҳамфикрро ҷамъ овард. Дар байни онҳо мансабдорони назариётчӣ камтар ва истеҳсолгарони кордон бештар буданд. Дар Тоҷикистон пас аз ҷанги 5-солаи шаҳрвандӣҳукумати эътилофӣ ташкил карда шуд. Дар сафи он хатмкунандагони макотиби олии ҳизбии Москва, Ленинград, Тошканд, Минск ва роҳбарони сатҳи миёна кам набуданд. Дар амал маълум гардид, ки маҳз онҳо нисбат ба ҳиссамандони беташаббуси 30-фоизаи Иттиҳоди мухолифини тоҷик, ки аз пайдо кардани ҷой дар ҳукумат хеле қаноатманд буданд ва худро дар кор на он қадар фаъол нишон медоданд, соҳибкасбтар ва коршоямтар будаанд. Имкониятҳо барои элитаи сиёсии нав шудан ба ҳарду ҷониб тибқи таносуби мувофиқагардида пешниҳод шуда буданд. Аксарият аз уҳдаи кор набаромаданд ва бо қонун дар ихтилоф қарор гирифта, дар нимароҳ монданд. Дар сари қудрат насли чилсолаҳо боқӣ монд, ки санҷишу иштибоҳотро паси сар карда, оҳиста-оҳиста, вале содиқона давлати соҳибистиқлоли ҷавонро аз харобиҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба роҳи осоишта баровард ва тавонист Тоҷикистонро соҳиби эътироф ва эътибори байналмилалӣ гардонад» Воқеан ҳам марҳилаи ташаккули элитаи сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба даврае рост омад, ки акнун гурӯҳи мазкур мебоист ба ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳими таъминкунандаи инкишофи мамлакат ва ҳамзамон таъмини суботи ҷамъиятӣ иқтидору малакаи худро равона созад. Таҷрибаи дар ин масири тайнамудаи элитаи сиёсии нави Тоҷикистон аз нигоҳи суръати тағйиротҳо ва печутоби ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли масъалаҳои мубрами ҳаёти ҷомеа воқеан ҳам давраҳои ҳассосу хеле масъулиятталаб ба шумор мераванд. Таъхиру саҳлангорӣ дар дарку татбиқи саривақтии масъалаҳои дар ин ҷода пеши рӯ омада ҳар замон метавонистанд рушди мамлакатро ба даҳсолаҳо қафо кашанд ва моро ба вартаи қафомонию таассубҳо тела диҳанд. Вале элитаи сиёсии нави Тоҷикистонтавонист барномаҳои рушди чашмгири ватани маҳбубамонро ба хотири таъмини зиндагии шоистаи ҳар фарди ин куҳандиёр дар амал зина ба зина татбиқ намояд ва ба дастовардҳои муайяне ноил гардад. Шоҳиди ин қазовати мо барномаҳои тавассути сохтмони шоҳроҳҳо аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани Тоҷикистон, бунёди нерӯгоҳҳои зиёди обӣ барои таъмини истиқлолияти энергетикӣ, ба рох мондани робитаи созанда бо давлатхои олам, ташкилотхои молиявии байналхалқӣ ва дигар барномахои амалии ба баландбардории сатхи зиндагии мардум нигаронидашуда мебошанд. Хусусан татбиқи амалии барномаи тавассути сохтмони шоҳроҳҳо аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани Тоҷикистон хадафи тамоми манотиқи мамламкатамонро барои онҳоро мустақиман ба ҳам пайвастанашон амалӣ намуд. Амалишавии ин барномаҳо аз лиҳози сиёсӣ имконият дод, ки яке аз ҷӯзъҳои муҳими ҳастии миллат, яъне таъмини умумияти ҳаёти иқтисодӣ ва маънавии он бомуваффақият ҷомаи амал пӯшад. Ин дар навбати худ ҳисси худшиносӣ ва ҳуввияти миллии мардуми тоҷикро ба зинаи комилан нав бароварда, ваҳдати кулли сокинони Тоҷикистонро ҳамчун кафили рушди устувори кишвар қавитар намуд. Холназаров Д. унвонҷӯи институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.