Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ- ОМИЛИ МУҲИМИ РУШДИ МАОРИФ

ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ- ОМИЛИ МУҲИМИ РУШДИ МАОРИФ

10-03-2017, 08:45
Хабарро хонданд: 245 нафар
Назарҳо: 0
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ- ОМИЛИ МУҲИМИ РУШДИ МАОРИФБахшида ба эълон шудани соли 2017 - Соли ҷавонон дар филиали Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» дар вилояти Суғд дар мавзӯи «Тарзи ҳаёти солим - омили муҳими рушди маориф» мизи мудаввар баргузор гардид.
Чорабиниро директори филиали донишкада Муҳаммадҷон Исматдинов оғоз бахшида, роҷеъ ба аҳамият ва моҳияти ташкилу баргузории ҳамоиш, тарғибу ташвиқи ҳаматарафаи тарзи ҳаёти солим байни ҷомеа, махсусан ҷавонону наврасон ҳарф зад. Зикр гардид, ки дар ҳифзи саломатӣ тарзи зисту зиндагии инсон нақши муҳим мебозад. Ташаккули тарзи ҳаёти солим ва муносибати масъулиятнок нисбат ба саломатӣ аз сатҳи маърифату маданияти аҳолӣ вобастагии зиёд дорад. Муносибати нодурусти инсон нисбат ба ҳаёту саломатӣ, пешаи тарзи ҳаёти носолим инсонро саодатманд намесозад. Аз ин рӯ, тарбия ва ташаккули тарзи ҳаёти солим ҳамчун муносибати маҷмӯӣ дар раванди тарбия ба ҳайси омили муҳими баланд бардоштани сатҳ ва сифати таҳсилот дар низоми маорифи кишвар баромад менамояд.
Сипас, доири масъалаҳои «Масъулияти шахс ва ҷомеа дар тарғибу ташаккули тарзи ҳаёти солим», раиси Шӯрои уламои дини вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода, «Тарзи ҳаёти солим ва омилҳои он», дотсенти кафедраи методикаи таълими фанҳои табиӣ-риёзии ФДҶТИБКСМ Бобоҷонов А., «Мафҳуми «тарзи ҳаёти солим» ва «тарзи ҳаёти носолим», директори Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар вилояти Суғд Ходжаева З.О., «Сиёсати давлатии ҷавонон ва масоили ташаккули тарзи ҳаёти солим», намояндаи Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд Акрамов А., «Рушди тафаккури иҷтимоӣ-гуманитарӣ дар муассисаҳои таълимӣ ҳамчун омили ташаккулдиҳандаи тарзи ҳаёти солим», профессори кафедраи методикаи таълими фанҳои табиӣ-риёзии ФДҶТИБКСМ Азизов А., «Таъсири мутақобилаи муҳит ва ҷомеа (муҳити солим-ҷомеаи солим: омилҳои субъективӣ ва объективӣ)», сармутахассиси Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят Меликбоева Ш.Ҷ., «Фарди солим – поягузори ҷомеаи солим», омӯзгори фанни биологияи мактаби Президентӣ Абдувалиева Н., «Таъсиргузории тарзи ҳаёти солим дар ташаккули ҷисмонӣ ва рӯҳию равонии ҷомеа, ҷавонону наврасон», мудири кафедраи педагогика, психология ва методикаи таълими ФДҶТИБКСМ Раҳимова М., «Самтҳои муҳими тарбия дар ташаккули ҳаёти солими насли наврас», омӯзгори калони кафедраи методикаи таълими фанҳои табиӣ-риёзии ФДҶТИБКСМ Сармусоқова Г. суханронӣ намуданд. Дар рафти музокирот ва суханрониҳо доири масоили мавриди назар слайдҳо ва видеороликҳо аз қабили таъсири бади майнӯшӣ ва майзадагӣ ба саломатии инсон, нашъамандӣ ва оқибатҳои фалокатбори он, таъсири дуди тамоку, пешгирии фарбеҳшавӣ ба ҳозирин намоиш дода шуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: