Вохӯрии вакили МН МО ҶТ бо интихобкунандагони ургутмаҳаллаи шаҳри Қӯрғонтеппа15-09-2015, 05:00
Хабарро хонданд: 325 нафар
Назарҳо: 0
Ҳайати гуруҳи таблиғотӣ бо иштироки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Қӯрғонтеппа №26 Анвар Тағоймурод дар ургутмаҳаллаи шаҳри Қӯрғонтеппа бо интихобкунандагон вохӯрӣ баргузор гардид. Вохӯриро муовини раиси шаҳр С.Қосимова кушода, суханро ба вакили МН МО ҶТ А.Тағоймурод доданд.
Мавсуф дар навбати худ, зимни суханронӣ ҳозиринро бо фаъолияти парлумони доимамалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос намуда, оиди фаъолияти шашмоҳаи худ маълумот доданд. Баъд аз он оид ба вазъи сиёсии кишвар андешаҳои худро иброз намуд. Ҳамзамон, дар бораи пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гуруҳҳои террористӣ ва экстремистии диннию сиёсӣ сухан рондан, аз ҳозирин хоҳиш ва даъват намуданд, ки қонуни “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” қатъиян риоя намоянд. Дар охир раиси маҳаллаи номбурда, Н.Мухторов аз номи истиқоматкунандагон миннатдории худро ба Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуда, саҳми арзандаи онро дар бунёди сулҳу ваҳдати саросарӣ мухтасар қайд намуд. ©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар в. Хатлон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.