Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » МОДАР ОФАРАНДАИ ҲАЁТ, ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО!

МОДАР ОФАРАНДАИ ҲАЁТ, ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО!

9-03-2017, 10:05
Хабарро хонданд: 251 нафар
Назарҳо: 0
МОДАР ОФАРАНДАИ ҲАЁТ, ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО!Бо мақсади гиромидошти зан- модар ва арҷгузорӣ ба нақши он дар ҷомеъа дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманд бахшида ба Рӯзи Модар дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон чорабинии маърифатию ахлоқӣ зери унвони «Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо» баргузор гардид, ки дар кори он Хайров Шукрулло ноиби ректори оид ба таълими донишкадаи мазкур, Изатуллои Ҳабибзод- муовини раис-роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва дигар шахсони расмӣ ирштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар рафти чорабинӣ қайд карда шуд, ки модар оилиҳаи ҳусну малоҳат, офарандаи оламу одам, мураббии башарият ва бақову манзалати ҳар як хонадон аст. Маҳз бузургии модар аст, ки бо як даст гавҳора ва бо дигаре дунё меҷумбонад, ки ин манзалату ҳашамат танҳо хоси модарон аст. Модар маъвобахшу тараннумгарӣ меҳру садоқат ба шумор рафта, дили у ҷуз аз хайру накуии фарзанд ҷаҳони дингареро боқӣ намемонад.

МОДАР ОФАРАНДАИ ҲАЁТ, ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО!
Асосогузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки «Модарони худро дӯст доред, нисбат ба онҳо меҳрубону ғамхор бошед, иззаташонро ба ҷо оварда, ҳаргиз озорашон нарасонед ва нигоҳи пур аз меҳру шафқатро аз онҳо дареғ надоред. Зеро қарзи фарзандии мо дар назди шахсияти мубораку биҳиштии модарон ҳамин аст. Нақши занону модарон дар ободии хонадон, тарбия кардану ба воя расонидани фарзандон, ба онҳо омӯзонидани забони модарӣ, одобу маънавиёт, парвариши эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ, ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандорӣ беназир аст».
Дар фарҷом саҳнаи театрикунонидашуда аз ҷониби донишҷўёни ин боргоҳи илму маърифат, ки саршор аз суруду таронаҳои дилангез дар васфи бузургии зан модар ба намоиш гузошта шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: