Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Вохӯриҳои вакили Маҷлиси намояндагони МО ҶТ Анвар Тағоймурод бо устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи Энергетикии Тоҷикистон дар шаҳри Қӯрғонтеппа

Вохӯриҳои вакили Маҷлиси намояндагони МО ҶТ Анвар Тағоймурод бо устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи Энергетикии Тоҷикистон дар шаҳри Қӯрғонтеппа

16-09-2015, 09:03
Хабарро хонданд: 487 нафар
Назарҳо: 0
Вохӯриҳои вакили Маҷлиси намояндагони МО ҶТ Анвар Тағоймурод бо устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи Энергетикии Тоҷикистон дар шаҳри Қӯрғонтеппа
Дар асоси нақша-чорабиниҳои кории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар ҳудуди ҳавзаи интихоботии Қӯрғонтеппа №26, ки шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Сарбанд ва қисми ноҳияи Бохтарро дар бар мегирад, вохӯрии вакили МН МО ҶТ Анвар Тағоймурод бо интихобкунандагон баргузор гашта истодааст. Чунин вохӯрӣ дар Донишкадаи Энергетии Тоҷикистон дар шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор гардид, ки зиёда аз 300 нафар устодон ва донишҷӯён иштирок намуданд. Дар ин вохӯрӣ бо ҳамроҳии вакил раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон А.Ализода, узви Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, муовини раиси шаҳри Қӯрғонтеппа С.Қосимова, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Қӯрғонтеппа Т.Наҷидуллоев ва ректори ДЭТ Х.Назаров иштирок намуданд.
Дар баромади худ А.Тағоймурод дар назди интихобкунандагон дар бораи фаъолияти шашмоҳаи худ дар Маҷлиси намояндагон ҳисобот дода, оиди вазъи сиёсию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳои худро баён намуданд.
Баъд аз он раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон А.Ализода оиди таассуротҳои худ аз сафари корӣ, ки ба Федератсияи Россия доштанд, ба ҳозирин андешаҳои худро баён намуданд. Дар баромади худ муовини раиси шаҳр С.Қосимова он корҳое, ки барои таблиғоти сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бурда мешаванд, фаҳмонида доданд.
Дар охир ректори ДЭТ Х.Назаров меҳмонони чорабиниро хайра мақдам гуфта, аз номи устодон ва донишҷӯён миннатдории худро ба роҳбари давлат, раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд.
©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар в. Хатлон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: