Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Маориф асосгузори рушди ҷомеа

Маориф асосгузори рушди ҷомеа

14-02-2017, 09:22
Хабарро хонданд: 246 нафар
Назарҳо: 0
Маориф асосгузори рушди ҷомеаПаёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба омӯзгорони кишвар рӯҳу илҳоми тоза бахшида, бо ташаббускориву иқдомҳои неки бунёдкорию ободонӣ ба сӯйи ояндаи дурахшон раҳсипор гардида истодаанд. Дастуру нишондодҳои Сарвари давлат, воқеан ҳам, таҳкимбахши фаъолияти омӯзгорон буда, чун раҳнамо барои кулли мардуми Тоҷикистон хидмат менамояд. Ҳаёт собит намудааст, ки навсозӣ ва рушду такомули тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа бе таъмин намудани пешрафти илму маориф ғайриимкон мебошад. Аз ин ҷост, ки Ҳукумати кишвар ба масъалаи таҷдиду такмили заминаҳои моддиву техникии соҳаи маориф, истифодаи пурсамари имконияту неруҳои илмӣ, инчунин дастгирии ҳамаҷонибаи хонандагони болаёқат таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Зеро раванди омода кардани мутахассисон аз мактаб оғоз гардида, донишҳои бунёдӣ маҳз дар мактаб андӯхта мешаванд. Ҷавобан ба чунин ғамхориҳо бояд диққату эътибори доимӣ баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати донишандӯзии толибилмон, тарбия намудани насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ ва ифтихори миллӣ равона карда шавад. Бо ҳамин мақсад, дар шӯъбаи маорифи ноҳияи Деваштич семинари дастурдиҳии сарварони муассисаҳои таълимии ноҳия баргузор гардид. Дар семинар масъалаҳои Низомномаи шӯроҳои педагогӣ, таҳсилоти иловагии хонандагон, масъалаи муҳими пешбурди сатҳу сифати таълим ва ба нақша гирифтани чорабиниҳо дар муассисаҳои таълимӣ бахшида ба «Соли ҷавонон» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Мудири шӯъбаи маориф Зикрулло Иброҳимов таъкид намуд, ки дар амалишавии нуқтаҳои Паёми Пешвои миллат, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва эълон гаштани соли 2017 «Соли ҷавонон» аз кормандони соҳаи маориф, падару модарон ва тамоми аҳли ҷомеа тақозо мегардад, ки дар баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замон саҳмгузор бошанд ва ба ин масъалаи ниҳоят муҳим бо камоли масъулият муносибат намоянд. Пешрафт ва рушди ҷомеа маҳз аз мақому манзалати омӯзгор ва сифати дониши хонандагон вобастагӣ дорад. Умед дорем, ки Шумо, устодон ва толибилмон ҷиҳати баланд бардоштани мақоми мактабу маориф қувваю нерӯи маънавии худро ҳарчӣ бештар роҳандозӣ менамоед.
Лоиқ Тӯйчиев, мутахассиси шӯъбаи таблиғоту иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: