Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » А. Гасанов, сафири Озарбойҷон: «Бо доштани чунин Пешвои миллат ояндаи Тоҷикистон дурахшон аст»

А. Гасанов, сафири Озарбойҷон: «Бо доштани чунин Пешвои миллат ояндаи Тоҷикистон дурахшон аст»

12-02-2017, 10:40
Хабарро хонданд: 197 нафар
Назарҳо: 0
А. Гасанов, сафири Озарбойҷон: «Бо доштани чунин Пешвои миллат ояндаи Тоҷикистон дурахшон аст»

ДУШАНБЕ, 11.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. 10 феврал Директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидалӣ Сиддиқ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Озорбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аббосалӣ Гасанов мулоқот намуд. Зимни суҳбати самимӣ ҷонибҳо оид ба густариши робитаҳои фарҳангиву иттилоотӣ табодули назар намуданд.

Зикр гардид, ки 29 майи соли равон ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон 25 сол пур мешавад. Айни замон, заминаи шартномавию ҳуқуқии Тоҷикистону Озарбойҷон беш аз 30 ҳуҷҷатро дарбар гирифта, яке аз санадҳои поягузор — Аҳдномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон аз 16 марти соли 2007 ба ҳисоб меравад. Асноди баимзорасида заминаи ҳуқуқии ду кишварро мустаҳкам намуда, барои рушди ҳамкориҳои дуҷониба байни Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, андоз, гумрук, корҳои бонкӣ ва ҷалби сармоя равона шудааст.

«Ба рушди бемайлони ҳамкорӣ миёни кишварҳоямон қабл аз ҳама муносибати неку дӯстона ва мулоқотҳои сарварони ҳарду давлат мусоидат мекунанд», — гуфт Саидалӣ Сиддиқ. Ӯ иброз дошт, ки робитаҳои Тоҷикистону Озарбойҷон бо садоқат ба анъанаҳои дерини дӯстии халқҳои ду кишвар густариш меёбанд. Бино ба андешаи роҳбари Агентӣ, умумиятҳои фарҳангии мардумони мо, масалан, дар шабеҳияти жанрҳои мусиқии «Шашмақом» ва «Мугам», «Фалак» ва «Ашуг» таҷассум ёфта, осори гаронбаҳои шоир ва мутафаккири бузург Низомии Ганҷавӣ мероси муштараки халқҳои ду кишвар маҳсуб меёбад.

Изҳори қаноатмандӣ карда шуд, ки АМИТ «Ховар» дар доираи Шӯрои сарварони агентиҳои давлатии иттилоотии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) бо агентиҳои мақомоти иттилоотии кишварҳои узви ИДМ, аз ҷумла Озарбойҷон ҳамкории судманд ба роҳ мондааст. Барои мисол, аз оғози соли равон дар сомонаи Агентӣ гӯшаи «Шарикони мо» таъсис дода шуд, ки дар он ахбори ду хабаргузории бонуфузи Озарбойҷон – «Азертадж» ва «Тренд» пайваста ва ба таври фаврӣ ҷой карда мешаванд. Ҳамзамон чунин гӯшаҳо дар сомонаҳои «Азертаҷ» ва «Тренд» низ созмон дода шудааст, ки дар онҳо замимаи АМИТ «Ховар» мавҷуд аст.

Аббосалӣ Гасанов аз нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду нумӯи кишвари мо ёдовар шуда, хизматҳои бемисли Ҷаноби Олиро ба хизматҳои Гейдар Алиев барои Озарбойҷон дар як радиф арзёбӣ намуд. «Тавре Гейдар Алиев чун пешвои миллӣ барои мардуми Озарбойҷон хизматҳои шоиста кардааст, Эмомалӣ Раҳмон низ барои мардуми тоҷик корҳои бузургеро ба сомон расонидааст, пеш аз ҳама ӯ Тоҷикистонро аз вартаи нобудшавӣ раҳо бахшидааст, — изҳор дошт Сафири Озарбойҷон А. Гасанов ва илова намуд: «Ҳеҷ сарвату боигарӣ ба сулҳу субот ва оромии кишвар баробар шуда наметавонад. Тоҷикистон, бо вуҷуди он ки ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронд, имрӯз яке аз кишварҳои боамну босуботи сайёра мебошад ва ин амну субот ба рушди олии кишвари шумо мусоидат хоҳад намуд. Ин неъмати олиро бо хости Худованд маҳз Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми тоҷик ҳадя намудааст. Бо доштани чунин Пешвои миллат ояндаи Тоҷикистон дурахшон аст».

Гасанов дар бораи саҳми намояндагони озаритабор дар соҳаҳои гуногуни Тоҷикистон ва ҳиссаи тоҷиктаборон дар соҳаҳои Озарбойҷон изҳори ақида намуда, гуфт, ки мо бояд хизматҳои неки онҳоро фаромӯш насозем ва бо ҷалби рӯзноманигорон ва адибону олимон бо навиштани хабару мақолаҳо онҳоро ба насли ҷавон муаррифӣ намоем.

Сафири Озарбойҷон ҳамчунин дар бораи таъми нотакрори обҳои Тоҷикистон сухан ронда, чунин иброз намуд: «Агар Тоҷикистон оби худро ба хориҷи кишвар содирот кунад, нафъи он аз фоидаи кишварҳое, ки аз нафту газ ба даст меоранд, бештар хоҳад буд!».

Дар охир ҷонибҳо оид ба имкониятҳои густариши ҳамкорӣ дар бахши иттилоот изҳори назар намуда, ба ҳамдигар дар амалӣ сохтани ҳадафҳои умумӣ комёбиҳо орзу намуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: