Тибби иҷтимоӣ30-01-2017, 14:17
Хабарро хонданд: 324 нафар
Назарҳо: 0
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино дар доираи нақша- чорабиниҳо ҷиҳати тарғибу ташвиқи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади таблиғу ташвиқ намудани ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чорабиниҳои гуногуни таблиғотию ташвиқотиро роҳандозӣ намуда истодааст. Аз ҷумла вобаста ба ин ҳафтаи сипарӣ гардида, санаи 26 - январи соли ҷорӣ бо мақсади таъсиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар назди Муассисаи таълимии ғайридавлатии Коллеҷи тиббии иҷтимоии шаҳри Душанбе маҷлиси муассисон баргузор гардид. Зимни баргузории ҷаласа А.Муъминов – мудири шӯъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино, М.Мамадаминова – мудири шӯъбаи кор бо ҷавонон ва занон ва Гулистон Каримова – мутахасиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо иштирок ва суханронӣ намуданд. Бояд қайд намуд, ки ҷаласа аз рӯи ду масъала, «Дар бораи таъсиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ ва интихоби раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ» баргузор карда шуд. Аз ҷумла аз рӯи масъалаи якуми чорабини А.Муъминов дар бораи таъсис додани ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ андешаронӣ намуда, қайд кард, ки чанде пеш аз номи ҳашт нафар кормандони муассиса ба унвонии раиси Кумитаи иҷроия ҷиҳати қабул шудан ба узвияти ҲХДТ ариза ва анкета пешниҳод гардид, ки ин ҳуҷҷатҳо мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор гирифта шуданд. Бо мақсади муттаҳид намудани аъзоёни ҳизб дар назди Коллеҷи тиббӣ мутобиқи банди 4.2-и Оинномаи ҲХДТ ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода шавад. Аз рӯи ин масъала бо овоздиҳии аъзоёни ҳизб ҷиҳати таъсиси додани ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо номи «Тибби иҷтимоӣ» қарор қабул карда шуд. Инчунин бо мақсади пешбурдани корҳои ҷории ташкилоти ҳизбӣ зимни баргузории ҷаласа мутобиқи банди 4.4-и Оинномаи ҲХДТ қарор дар бораи интихоби раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ қабул карда шуд ва тибқи он директори Муассиса Ибодова Заррина- ҳамчун раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ интихоб карда шуд. Лозим ба зикр аст, ки аз рӯи масъалаҳои муҳокима гардида, бо овоздиҳии аъзоёни ҳизб қарор қабул карда шуд. Зимни баргузории чорабини Қ.Қурбонов – директори Коллеҷ, раиси нав интихобгардидаи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ баромад намуда, аз дастгирии аъзоёни ҳизб изҳори миннатдорӣ намуда, аз ҷумла таъкид намуд, ки мо ҳамеша ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастем ва дар ин ҷода ҷавонони содиқу ватандӯстро тарбия менамоем, то ки ояндасози ҷомеаи мо бошанд. А.Муъминов дар бораи мақсад, вазифа ва усулҳои асосии фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва мақсади ниҳоии он дар рушди ҷомеаи кунунии кишвар зери роҳбарии Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизбамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаронӣ намуда, аз ҷумла мавсуф ёдовар шуд, ки ҲХДТ он нерӯи сиёсие мебошад, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон зери ғояҳои озодиҳои сиёсию иқтисодӣ, аз қабили плюраризми сиёсӣ, озодии афкор, озодии сухан ва матбуот, таъмин намудани интихоботи шаффофу демократӣ, таъмини волоияти қонун дар баробари тамоми шохаҳои ҳокимият ва ҷомеа ва дигар ғояҳои созанда рӯи кор омад ва хушбахтона тӯли 22- сол аст, ки бо он ҳадафҳои созанда ва бунёдкорани хеш миёни аҳли ҷомеаи кунунии кишвар нақши муҳимро ба худ касб намудааст. Аз ҷумла ӯ дар бораи ҳадафҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат ва нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, андешаронӣ намуда, аз ҷумла зикр намуд, ки Паёми навбатӣ дастури мукаммали сабақомӯз, ҳидоятномаи ояндасоз ва як ҳуҷҷати муҳими барномавии сиёсию ҳуқуқӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангист, ки дар он афзалиятҳои давлатдории миллӣ таъкид гардида, аз тарафи кулли мардуми кишвари азизамон бо арзи эҳтиром пазируфта шудааст. М.Мамадаминова – суханронӣ намуда, аз ҷумла таъкид намуд, ки меҳвари дигари суханронии Пешвои миллат дар ин Паём ҷавонон буданд. Боиси ифтихор аст, ки Пешвои миллат дар ҳама суханрониҳо ва Паёмҳои худ ба ояндасозу парчамбардорӣ миллат будани ҷавонон таъкид намуда, таваҷҷуҳи тамоми сохторҳоро дар робита ба тарбия ва дастгирии ин қишри ҷомеа таъкид менамоянд. Аз ҷумла, дар Паёми навбатӣ Пешвои миллат эълон шудани соли 2017 ҳамчун Соли ҷавонон бори дигар аз таваҷҷуҳ ва ғамхории Пешвои миллат ба ҷавонон дарак медиҳад. Дар ин замина ӯ тазаккур дод, ки моро месазад ба ин ғамхориҳои падаронаи Пешвои миллат, Раиси ҳизбамон тамоми саъю талошамонро баҳри андухтани илму дониш ва баҳри ободии сарзамини аҷдодии хеш равона созем, то ки ояндаи худро бо дастони хеш дурахшон намоем. Зимни чорабини Г. Каримова- дар бораи узви ҳизб, ҳуқуқ, вазифаҳои он ва сохтори ташкилии ҳизб андешаронӣ намуда, аз ҷумла таъкид намуд, ки узви ҳизб вазифадор аст, ки талаботҳои Оиннома ва Барномаи ҳизбро риоя намояд ва баҳри амалӣ гаштани сиёсати ҳамаҷонибаи ҳизб фаъолона иштирок карда, қарорҳои ҳизбро бечунучаро дар ҳаёт татбиқ намояд, барои расидан ба ҳадафҳои барномавӣ, баланд шудани обрӯ, сатҳу манзалат ва нуфузи ҳизб дар ҷомеа мубориза барад. Дар ниҳоят таъкид карда шуд, ки имрӯз моро зарур аст, ки дар атрофи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси Ҳизбамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид бошем ва ба кори ҳизбу халқу Ватани соҳибистиқлоламон содиқ бошем. Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилоти КИ ҲХДТ дар н. Сино А. Муъминов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.