Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Ҷавонон ояндаи миллату давлат

Ҷавонон ояндаи миллату давлат

20-01-2017, 11:18
Хабарро хонданд: 302 нафар
Назарҳо: 0
Ҷавонон  ояндаи миллату давлат
Дар маркази ҷавонон бо иштироки омӯзгорони ҷавони муассисаҳои таълимии ноҳияи Дӯстӣ оид ба баррасии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот гузаронида шуд.
дар мулоқоти мазкур узви ҲХДТ, мудири шуъбаи маорифи ноҳия Абдуҷаббор Абдураҳимов ҷамъомадро оғоз намуда, муҳтаво ва он вазифаҳое, ки ба соҳаи маориф дар Паёми навбатӣ ироагардида суханронӣ намуд. Баъдан раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ҳуснигул Одинаева баромад намуда, қайд кард, ки боиси ифтихор аст, ки Пешвои миллат дар ҳама суханрониҳо ва Паёмҳои худ ба ояндасозу парчамбардори миллат будани ҷавонон таъкид намуда, таваҷҷуҳи тамоми сохторҳоро дар робита ба тарбия ва дастгирии ин қишри ҷомеа таъкид менамоянд. Аз ҷумла, дар Паёми навбатӣ»Соли ҷавонон» эълон шудани соли 2017 бори дигар аз таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Пешвои миллат ба ҷавонон дарак медиҳад. Аз тарафи омӯзгорони ҷавон низ баромадҳо шуда, иброз доштанд, ки чунончи дар Паёми навбатӣ Пешвои миллат эълон доштанд, ки: “Ҷавонони имрӯзаи мо, яъне насли замони истиқлол аз наслҳои пешина бо савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқ фарқи куллӣ доранд, ки ин ҳама боиси ифтихори мо мебошад”. Бешак чунин таъкидҳои Пешвои миллат ҷавонони кишварро водор менамояд, ки ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, ба Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд. Расонидани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як ҳафта ин ҷониб вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гурӯҳҳои корӣ оид ба баррасии моҳияту муҳтавои Паём бо аҳли ҷамоатчигии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва коллективҳои мехнатии ташкилоту муасисаҳо суҳбату вохӯриҳо ва мулоқотҳо баргузор намуда, тамоми паҳлуҳои Паёмро ба кулли мардум шарҳ дода истодаанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: