DataLife Engine > Хабари руз > «Амонатбонк» шумораи занони соҳибтахассусро зиёд мекунад

«Амонатбонк» шумораи занони соҳибтахассусро зиёд мекунад


18-01-2017, 10:23. Разместил: orifi
«Амонатбонк» шумораи занони соҳибтахассусро зиёд мекунад
Ховар/. Роҳбарияти «Амонатбонк» нисбат ба ҷалби кадрҳои масъулиятноку баландихтисос, хусусан занону ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Ин нуктаро имрӯз Руҳуллоҳ Ҳакимзода, раиси Раёсати «Амонатбонк» зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд.
Ба иттилои номбурда, ҳоло 914 нафар занону духтарон дар «Амонатбонк» фаъолият намуда, 37,5 фоизи шумораи умумии кормандони соҳибтахассусро ташкил медиҳанд. Ҳоло 27 нафар зан дар сатҳи роҳбарикунанда фаъолият доранд.
«Дар соли 2016 58 нафар духтарон баъди хатми донишгоҳҳои олии кишвар тавассути озмун ба кор қабул карда шуданд. Ин раванд таҳти назорати доимии роҳбарияти бонк қарор дорад»,- таъкид кард раиси «Амонатбонк».
Вернуться назад