Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Паём- роҳнамои имрӯзу фардо

Паём- роҳнамои имрӯзу фардо

16-01-2017, 12:08
Хабарро хонданд: 547 нафар
Назарҳо: 0
  Паём- роҳнамои имрӯзу фардо

Хӯҷанд:- Дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ бо иштироки беш аз 700 нафар омӯзгорони шаҳру навоҳии вилоят- хатмкардагони курсҳои бозомӯзии филилали Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва сардорону раёсату мудирони шуъбаи маорифи шаҳру ноҳия таҳти унвони “Паём- роҳнамои имрӯзу фардо”доир гардид.
Сардори раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, фаъолияти соҳаи маорифчиёни вилоятро дар парвави нуқтаҳои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон риштаи таҳлил кашид. Аз ҷумла қайд кард, ки нишондиҳандаҳои ба зинаи сеюми таҳсилот фарогирии хатмкунандагони синфи 9, қабули хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба мактабҳои олӣ тариқи Маркази миллии тестӣ хурсандибахш аст. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд пойгоҳи моддӣ-техникии муассисаҳои таълимӣ торафт густариш меёбад, норасогии омӯзгорон пурра барҳам дода шуда, ба хотири дастгирии директорони мактабҳо, омӯзгорон ва толибилмони боистеъдоди онҳо, ки дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявиву байналмилалӣ ҷойҳои ифтихориро сазовор мешаванд, қарори махсуси Раиси вилоят ба тавсиб расид.
Номбурда ҳамзамон аз камбудию норасогиҳои соҳа ҳарф зада, таъкид дошт, ки дар қиёс ба солҳои пешин шумораи ғолибони олимпиадаҳо дар аксари шаҳру навоҳӣ кам гардид. Барномаи давлатии ташкили лаборатория ва озмоишгоҳҳо дар муассисаҳои таълимии вилоят ҳамагӣ 71 дар сад иҷро шуд, мавҷудияти компютерҳои корношоям дар мактабҳо таваҷҷуҳи масъулинро хоҳон аст.
Мавсуф роҳҳои ба зинаи сеюми таҳсил ҳарчӣ бештар ҷалб намудани толибилмон, пешгирии даст ба амалҳои худкушӣ задани хонандагон ва ҷиноятсодиркунии онҳоро баён дошта, қайд намуд, ки дар иҷрои рисолати омӯзгорӣ ҳар як нафар масъулият эҳсос намояд.
Музокирачиён, хатмкунандагони курси бозомӯзӣ МЭЛС Нуров- омӯзгори литсейи президентии шаҳри Бӯстон, Муяссар Фозилова- омӯзгори мактаби хусусии «Гулчини маърифат»-и шаҳри Хуҷанд, Хурсандмурод Шарипов- омӯзгор аз ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ, Насиба Ахмедова омӯзгор аз шаҳри Исфара, Муҳаббат Мамадҷонова, мутахассиси пешбари филилали Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар вилояти Суғд, Сарвиноз Эшматова омӯзгор аз шаҳри Истаравшан ва Инобат Бобоева, омӯзгор аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иброз доштанд, ки аз Паёми навбатии Сарвари давлат руҳу илҳоми тоза гирифта, дар партави он сидқидилона адои вазифа мекунанд. Инчунин онҳо миннатдории хешро ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Раёсати маорифи вилоят ва филиали Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф барои омодасозии шароити хуби таҳсил баён доштанд.
Сипас директори филиали Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар вилояти Суғд Муҳаммадҷон Исматдинов ва сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода ба сарварони гурӯҳҳои курсҳои бозомӯзӣ дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаи хатмро супориданд.
Бо ҳамин чорабинӣ хотима ёфт.


Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: