Туркманистон аз Эрон талаб дорад, ки $2 миллиард пули газро пардозад21-12-2016, 12:16
Хабарро хонданд: 304 нафар
Назарҳо: 0
Тукрманистон мегӯяд, баъди ҷори шудани таҳримҳои соли 2012 Эрон қарзи гази ин кишварро дар ҳаҷми 2 миллиард доллар напардохтааст. Дар посух ба ин даъвои Туркманистон, хабаргузории "Форс" аз қавли мақомоти Эрон навиштааст, ки "агар Ишқобод ба таҳдидҳои бастани газ хотима надиҳад, Теҳрон созишномаҳояшро бо ин кишвар қатъ мекунад". Мақомоти Эрон афзудаанд, ки агар Туркманистон даъвое дорад, метавонад ба додгоҳи байналхалқӣ шикоят барад. Ин дар ҳолест, ки моҳи августи соли ҷорӣ вазири нафти Эрон дар мусоҳиба бо расонаҳо гуфта буд, кишвараш аз Туркманистон дар масъалаи газ эҳтимол қарздор бошад. Сар аз ибтидои соли ҷорӣ, баъди он ки ширкати "Газпром"-и Русия гуфт, дигар гази туркманиро намехарад, Туркманистон газашро танҳо ба Чин ва Эрон мефурӯшад. Аз моҳи марти соли 2015 то марти 2016 Эрон аз Туркманистон 9 миллиард метри мукааб газ харидааст. Ин қариб ду баробар бештар аз нишондоди солҳои гузашта аст. Аммо дар нимаи аввали соли ҷорӣ Эрон якбора харидани гази туркманиро 25 дарсад кам кард. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.