Бобаки Занҷонӣ ба қатл маҳкум шуд8-03-2016, 08:00
Хабарро хонданд: 244 нафар
Назарҳо: 0
Миллиардер Бобак Занҷонӣ бо айби фасодкорӣ ва ҷиноятҳои иқтисодӣ дар Эрон ба эъдом маҳкум шуд.
Қарори додгоҳи Эрон нисбати яке аз шахсони сарватмандтарини кишвар ва ду шарикаш рӯзи якшанбе эълон шуд. Занҷониро ҳамчунин вазифадор карданд, ки хисороти давлатро ҷуброн кунад. Маҳкумшуда ҳақ дорад аз ин ҳукм шикоят барад. Бобак Занҷонӣ бо дороиҳои 15 миллиард доллариаш бойтарин эронӣ дар ҷаҳон аст. 30 декабри соли 2014 вай ба гумони сохтакориҳо боздошт шуда, дар зиндони “Эвин” қарор дошт. Яке аз айбҳояш ба сохтакории мактуби Бонки миллии Тоҷикистон марбут аст, ки гӯиё пардохти 2 миллиарду 460 миллион еврои ширкати миллии нафти Эронро тасдиқ мекард. Аммо вазорати нафт ва Бонки марказии Эрон гирифтани ин маблағро тасдиқ накарданд. Бонки миллии Тоҷикистон низ вуҷуди чунин номаро рад карда, онро сохтакорӣ номид. Бобак Занҷонӣ муассис ва молики чанд ширкати бузург дар Тоҷикистон дониста мешавад. Дар моҳи марти соли 2013 дар муаррифии истгоҳи нави автобусҳои “Asian Express” раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар канори ӯ истода буд. Дар соли 2012 ИМА ва Иттиҳоди Аврупо Бобак Занҷониро вориди рӯйхате карданд, ки бе риояи таҳримҳо фаъолият мекунад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.