Мо ҷавонон пайравони Пешвои Миллат ҳастем.17-12-2016, 10:56
Хабарро хонданд: 284 нафар
Назарҳо: 0
Баҳри тарғибу ташвиқи самтҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд; нигоҳдории ризоияти ҷомеа ва устувории сиёсӣ дар мамлакат; тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ягонагии халқ; пойдорӣ ва инкишофи арзишҳои моддӣ ва маънавии ҷамъият; тағйирнопазирии сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон; пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, аз ҷумла намудҳои муташаккили он; мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва ғайраҳо дар ноҳияи Деваштич аз ҷониби НТҶҶ «Созандагони Ватан» силсиламулоқотҳо дар муассисаҳои таълимии ноҳия баргузор гардида истодаанд. Ҳадафи баргузории ин мулоқотҳо дар руҳияи ватандўстию ватанпарварӣ тарбияи намудани насли наврас аст, зеро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба ҷавонон такя намуда, дар чандин баромадҳои худ қайд менамоянд, ки «Рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ягон давлатро бе иштироки фаъолонаи ҷавонон тасаввур кардан аз имкон берун аст», аз ин ҷо бояд насли ҷавони мо ҳамеша софдилонаву содиқона дар хизмати ватани маҳбуби хеш камари ҳиммат бубанданд. Дар муассисаи таълимии №20-и деҳаи Истиқлоли ноҳияи Деваштич бо ҷонибдорони фаъоли НТҶҶ «Созандагони Ватан» мулоқот баргузор гардид, ки дар ҷараёни он рафти донишомӯзӣ, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва яке аз мавзӯъҳои мубрами рӯз аз қабили шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро мавриди музокира қарор гирифт. Иҷрокунандаи вазифаи НТҶҶ «Созандагони Ватан» дар н.Деваштич Сарвар Саидов дар назди хонандагон суханронӣ намуда, қайд кард, ки барои посдории фарҳанги миллии аҷдодиамон ҳар яки мо ҷавонони бо нангу ор бояд кӯшиш ба харҷ диҳем. Сиёсати хирадмандона ва пешгирифтаи Пешвои миллатро, ки барои ободониву шукуфоии кишвари соҳибистиқлоламон бахшида шудааст, содиқона ҷонибдорӣ намуда, бо ҷону дил барои ободонии ватанамон хизмат намоем. Мутаассифона, имрўзҳо дар миёни ҷавонон бархе нафарони гумроҳе ҳастанд, ки худро барои ноором кардани Ватан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундрав мезананд ва ҷони худрову дигаронро дар зери хатар мегузоранд, ки ин амали ношоиста ва номатлубашон онҳоро ба сўи ҷинояткорӣ равона намуда, дар охир аз кирдору амали содирнамудаашон пушаймон мегарданд, вале суде надорад. Бо бовари комил гуфта метавонем, ки маърифати ҳуқуқӣ, ҳуввияти миллӣ, масъулияти волидону омӯзгорон дар тарбияи насли наврас имрӯзҳо баланд гардида, мардуми шарафманди мо барои пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, ҷинояткорӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва тақлиди фарҳанги бегона дастаҷамъона мубориза бурда, намегузоранд ки ягон ашхоси бегонапараст сулҳу оромии Тоҷикистони соҳибистиқлоламонро халалдор созад. Дар охир хонандагон аз дастгириву ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории худро баён намуда, барои рушду тарақиёт ва содиқона хизмат намудан ба Ватан-Модарро қарзи аввалиндараҷаи худ ҳисобиданд. Лоиқ Тӯйчиев, мутахассиси таблиғоту иттилооти КИН ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.