Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Деваштич - натиҷаҳо боиси қаноатмандист.

Деваштич - натиҷаҳо боиси қаноатмандист.

15-12-2016, 12:09
Хабарро хонданд: 354 нафар
Назарҳо: 0
Деваштич - натиҷаҳо боиси қаноатмандист.

Дар асоси ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баргузории маҷлиси фаъолони ноҳияи Деваштич оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия бо иштироки муовинони раиси ноҳия, мудирони шӯъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ноҳия, раисон ва дигар кормандони Ҷамоати шаҳраку деҳот, роҳбарони корхонаю ташкилотҳо ва идораҳо, сарварони муассисаҳои таълимӣ ва табобатӣ, раисони шӯрои маҳаллаҳо, раисони хоҷагиҳои кишоварзӣ, имомхатибони масҷидҳо иштирок намуданд. Инчунин дар кори маҷлис намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мудири шӯъбаи энергетика ва саноати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Шарифзода Озифхон ширкат варзид.
Маҷлиси фаъолонро Раиси ноҳия, узви Раёсат ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич муҳтарам Ҷӯразода Рустам Боймурод ифтитоҳ намуд. Дар маҷлис масъалаи ҷамъбасти натиҷаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар соли 2016 ва вазифагузориҳо барои семоҳаи якуми соли 2017 баррасӣ гардиданд.
Аз рӯйи масъалаи якум муовини раиси ноҳия Шарифзода Маъмур Зариф баромад намуда қайд кард, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар 11 моҳи соли 2016 фаъолияти худро бо мақсади амалигардонии нишондодҳо аз Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру нишондодҳои Пешвои миллат, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон, Раиси вилояти Суғд ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба роҳ монда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Таъмини иҷроиши нақшаи воридоти андозҳои маҳаллӣ дар 11 моҳи соли 2016 ба 97,1 %, ё худ ба ҷойи 18 миллиону 100 ҳазору 90 сомонӣ ба 17 миллиону 583 ҳазору 975 сомонӣ ба иҷро расонида шуд. Маблағҳои ба тариқи субвенсия аз буҷети вилоятӣ ҷудошаванда 95,8 фоиз, ё ба 31 миллиону 10 ҳазору 843 сомонӣ ворид гардид. Нақшаи қисми даромади андозҳои иҷтимоӣ 93,1 фоиз иҷро гардида, ба ҷойи 15 миллиону 752 ҳазору 955 сомонии пешбинишуда ба фонди нафақа 14 миллиону 669 ҳазору 232 сомонӣ маблағ дохил гардид. Нақшаи ҷамъоварии андози иҷтимоии аз андозсупорандагони ғайрибуҷетӣ ба 102% иҷро гардида, ба ҷойи 6 миллиону 234 ҳазору 71 сомонӣ ба фонди нафақа 6 миллиону 357 ҳазору 703 сомонӣ маблағ ворид гардид. Қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ 93,4%, ё худ ба ҷойи 51 миллиону 17 ҳазору 995 сомонц 47 миллиону 648 ҳазору 844 сомонӣ маблағ хароҷот кардашуд. Маблағгузории соҳаҳои ҳокимияти давлатӣ 88,4%, маориф 95,6%, тандурустӣ 86,8%, ҳифзи иҷтимоӣ 98,5%, фарҳанг 89,7% таъмин карда шуд.
Сардори нозироти андоз дар ноҳия Баҳрулло Раҳмонов, мудири шӯъбаи маориф Зикрулло Иброҳимов, сардори Хадамоти госпиталии ноҳия Насим Маҳмадалиев, раиси Ҷамоати деҳоти Ваҳдат Нозим Носиров ва Ҷамоати деҳоти Муҷун Комилҷон Отабоев дар баромадҳои хеш оид ба бурду бохти соҳаҳои мухталиф ибрози ақида намуданд. Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мудири шӯъбаи энергетика ва саноати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Шарифзода Озифхон низ баромад намуда аз дастовардҳои ноҳияи Деваштич сухан кард ва барои ҳаллу фасли камбудиҳои дар соҳаҳои мухталиф ҷойдошта фикру мулоҳизаҳои худро баён намуд. Дар охир барои пешбурди кор дар соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия ва саҳмгузорӣ дар рушду нумуи минбаъдаи ватани азизамон бо вазифагузориҳо барои семоҳаи якуми соли 2017 кори маҷлис ба итмом расид.
Лоиқ Тӯйчиев, мутахассиси бахши таблиғоту иттилооти КИ ҲХДТ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: