Баргузории Конференсияи илмӣ бо фаъолзанон5-09-2015, 19:00
Хабарро хонданд: 507 нафар
Назарҳо: 0
Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 24-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 21-солагии ҲХДТ ва «Соли оила» эълон шудани соли 2015 бо иштироки занони фаъол, собиқадорон, намояндагони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, раисони шӯроҳои занон, донишҷӯёни коллеҷи тиббӣ, эмомхатибон дар мавзӯи «Ташаккули маърифати оиладорӣ – омили рушди устувори ҷомеа» Конференсияи илмӣ гузаронида шуд. Дар Конференсия аъзоёни гуруҳи таблиғотии ҳизбӣ шоира Хосият Вализода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб С.Валиева, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Г.Раҷабова, муовини раиси ноҳия Л.Ҷумаева, мудири бахши кор бо занон ва оила Ш.Разоқова, мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ Ш.Мирзоева, муовини раиси ҷамоати деҳоти Деҳбаланд С.Ҷалилова, директори маркази танзими оила З.Садирова иштирок ва баромад намуданд.
Оиди роҳҳои пешгирии вайроншавии оилаҳои ҷавон, дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар масоили занон, пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва бегонапарастӣ ибрози ақида намуда фаъолзанонро ба корҳои созандагию бунёдкорӣ даъват намуданд. Дар охир аз тарафи фаъолзанон муроҷиатномаи «Ободиро аз маҳалли худ оғоз мекунем» қабул карда шуд. ©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар в. Хатлон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.