7 декабр-Рӯзи мақомоти молия. Нақши низоми молиявӣ дар рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон назаррас аст7-12-2016, 10:10
Хабарро хонданд: 260 нафар
Назарҳо: 0
Душанбе, 07.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Муносибатҳои молиявӣ низоми махсуси муносибатҳои иқтисодианд, ки ба ташкил, тақсимот ва истифодаи самараноки захираҳои молию пулӣ бо мақсади таъмини ниёзи давлат, корхона (ташкилот ва муассиса) ва шаҳрвандони кишвар равона карда шудаанд. Муҳтаво ва моҳияти иқтисодии муносибатҳои молиявӣ аз тавсифи воситаҳои пулӣ ва вазифаҳои асосии он бармеояд. Ҳанӯз дар даврони Ҳахоманишҳову Сомониён низоми молиявӣ ташкил ва рушд ёфта, дар даврони сулолаи ориёӣ низоми ташаккули идоракунии захираҳои молиявӣ ва усулҳои пешқадами муомилоти пулӣ амал мекарданд, ки вобаста ба замон аз нигоҳи ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ такмил ёфтанд. Дар даврони Шӯравӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми молиявӣ ба сохти дигар ташкил ёфта, тӯли беш аз 70 сол рущд карда ва мавриди истифода қарор гирифт. Аммо сохтори низоми идоракунии молиявии он давр ба талабот ва вазифаҳои асосии амалкардаи он ва ҳамгироии иқтисодиёти ҷаҳонӣ мусоидат накарда, дар бисёр мавридҳо садди рушди иқтисодиёти кишвар гардида буд. Ҳангоми гузариш ба иқтисодиёти бозорӣ сохтори низоми молиявии кишвар куллан тағйир ёфта, муносибатҳои нави молиявӣ, пеш аз ҳама, барориши пули миллӣ, захираҳои зарури асъорӣ, тилло, бозори қоғазҳои қиматнок ва ғайраҳо равиши навро дар ин низом ба миён оварданд. Инчунин таҳия, баррасӣ ва иҷрои буҷети давлатӣ, тартиби маблағгузорӣ ва танзими истифодаи самараноки воситаҳои пулӣ низ дигар шуда, низоми молиявӣ дар кишвар ба низоми устувори идоракунии молияи давлатӣ мубаддал гаштааст. Бо ташаббуси Роҳбари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар низоми идоракунии устувори молиявӣ ҷавобгӯ ба талаботи иқтисоди бозорӣ ташкил ва рушд ёфтааст. Яке аз падидаҳои асосии ин низом барориш ва амалкарди воҳиди ягонаи пулӣ, пеш бурдани сиёсати пулию қарзӣ, такмили низоми андозбандӣ, шаффофӣ ва баланд бардоштани самаранокии хароҷоти буҷет, нигоҳ доштани вазъи мутавозини маблағгузории буҷет таъмин карда шуд. Ин буд, ки дар соли 2000 рушди воқеии иқтисодиёти мамлакат ба ҳисоби миёна 7 фоиз ва воридоти буҷети давлатӣ 14,1 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва дар соли 2005 19,9 фоизро ташкил дод. Бо роҳи гузаронидани сиёсати оқилонаи андозу буҷет, мувозинати буҷет таъмин гардида, сатҳи камбизоатӣ аз 83,1 фоизи соли 1999 то 72,4 фоиз дар соли 2003, 45 фоиз дар соли 2010, 31,1 фоиз дар соли 2015 расонида шуд. Дар назар аст, ки дар соли 2020 ин рақам то 20 фоиз коҳиш дода шавад. Аз ҷониби дигар тайи даҳ соли охир ҳаҷми даромади буҷети давлатӣ зиёда аз 11,2 маротиба афзоиш ёфта, дар соли 2010 ба 7023,9 миллион сомонӣ ва дар соли 2016 ба 18305,8 миллион сомонӣ баробар гардид, ки он 31,7 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад. Агар соли 2000 ҳачми умумии қарзи берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 105,2 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил дода бошад, баъди кӯшишҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ соли 2016 он ба 30,5 фоиз расид. Дар шароити кунунӣ низоми идоракунии молиявӣ дар кишвар ташаккул ёфта, раёсатҳои дохилии хазинадорӣ, идоракунии қарзҳои давлатӣ, рушди бозори қоғазҳои қиматнок, кор бо металлу сангҳои қиматбаҳо, хазинаи дороиҳои давлатӣ, мониторинги корхонаҳои азим, аудити дохилӣ ва дигар воҳидҳои сохторӣ таъсис дода шуда, шуъбаҳои молияи мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ ба раёсат, департамент ва минбаъд ба сарраёсату раёсатҳо табдил дода шуданд. Дар самти такмили низоми молиявии давлатӣ бо назардошти хароҷоти давлатӣ, харид ва ҳисоботи давлатӣ, ислоҳоти хазинадорӣ, мустаҳкам намудани иқтидори аудиторӣ, ҳисобдорӣ, татбиқи стандартҳои байналхалқӣ ва баҳисобгирии муҳосибӣ корҳои зиёд амалӣ карда шудаанд. Яке аз унсурҳои асосии ислоҳоти идоракунии низоми молиявӣ дар ҷумҳурӣ- ин ташкили низоми иттилоотии равандҳои муомилоти молию пулӣ ва хазинадории буҷет, ҷорӣ намудани суратҳисоби ягонаи хазинадорӣ, стандартҳои муҳосибот ва нақшаи якхелаи суратҳисобҳо мебошад. Бо супориши ҳукумати кишвар Шабакаи ягонаи электронии иттилоотӣ байни Вазорати молия, Кумитаи андоз ва Хадамоти гумрук, ки фаъолияти низоми хазинадорӣ, андозу буҷет ва умуман идоракунии самараноки молияи давлатиро таъмин менамояд, ташкил карда шудааст. Умуман, низоми идоракунии молиявӣ- ин низоми устуворе мебошад, ки дар таъмини самараноки сиёсати молиявӣ, аз ҷумла сиёсати монитарӣ, назорати молиявии давлат, рушди бозори қоғазҳои қиматнок, суғурта, дастгириҳои молиявии соҳибкорӣ ва тайёр кардани мутахасисони соҳаи мазкур хизмат менамояд. Аз ин лиҳоз, мутахассисони вазорату идораҳо, донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳуриро лозим аст, ки тарғибу ташвиқи дастовардҳои молиявии кишварро фаъол намоянд. Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар оянда метавонад як мактаби бузурги молиячиёнро ба вуҷуд оварда, дар тайёр намудани мутахассисони боэьтимод барои соҳаҳои иқтисоди миллии ватанамон хизмат намояд. Эмомалӣ Шералиев, декани факултети молия ва қарзи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.