Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Суханронӣ дар ҷаласаи Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об

Суханронӣ дар ҷаласаи Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об

30-11-2016, 09:14
Хабарро хонданд: 381 нафар
Назарҳо: 0
Суханронӣ дар ҷаласаи Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об

29.11.2016 21:09, Маҷористон
Мӯҳтарам аъзои Панели сатҳи баланд,
Мӯҳтарам иштирокчиёни ҷаласа,

Нахуст мехостам сипоси худро ба ҷониби Венгрия ва Президент Янош Адер барои ҳусни танзими Саммит ва ҷаласаи ин Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об изҳор намоям.

Моҳи сентябри соли ҷорӣ Панели мазкур Нақшаи амалҳо иборат аз 9 мавзӯи авзалиятнок ва 48 амалро қабул намуд.

Аҳаммияти Нақшаи қабулгардидаро таъкид намуда, мехостам омодагии моро ҷиҳати иштирок дар татбиқи ҳамаи мавзӯъҳо ва амалҳои афзалиятноки он изҳор намоям.

Тавре, ки ман дирӯз қайд кардам, мо пешниҳод намудем, ки Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор», ки ба банди аввалини Нақша шомил гардидааст, эълон гардад.

Лоиҳаи қатъномаи дахлдор оид ба ин масъала дар марҳалаи хотимавии баррасии Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид қарор дорад.

Мо умедворем, ки дар рӯзҳои наздик ин қатънома бо ризоияти кулл қабул хоҳад шуд.

Дар ин маврид барои ҳамкорӣ ва муттаҳид намудани кӯшишҳои мо ҷиҳати мусоидат ба амалияи дастёбӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор, ҳамчунин ҳалли дигар масъалаҳои вобаста ба об заминаи боэътимод ва ҷавобгӯи замон фароҳам оварда мешавад.

Дигар амалҳое, ки Тоҷикистон дар онҳо худро пешсаф мебинад, бо масъалаҳои роҳандозии робитаҳои ҳамшарикиву ҳамкории байналмилалӣ, паст намудани хавфи офатҳои табиӣ, тағирёбии иқлим, дастрасӣ ба оби нӯшокии безарар ва беҳдошт, муҳити зист, инфрасохтору сармоя, мудирияти захираҳои об, аҳаммият ва нақши он дар иқтисоди устувор пайвастагӣ доранд.

Бешубҳа, тамоми мавзӯъҳо ва амалҳои афзалиятноки Нақша ниҳоят муҳим ба шумор мераванд, вале, ман мехостам ду ҷанбаи он - сармоямгузорӣ ва инфрасохторро махсус таъкид намоям.

Аз нигоҳи мо, ин ду ҷанба омили калидӣ дар роҳи ҳалли мушкилоти вобаста ба об мебошанд.

Масъалаҳои зикргардида, бо назардошти чолишҳои нав ва пеш аз ҳама таъсири тағиёрбии иқлиму афзоиши аҳолӣ, ки аз як тараф ба камшавии захираҳои оби нӯшокӣ ва аз тарафи дигар ба зиёд шудани истеъмоли об оварда мерасонанд, басо муҳиманд.

Мутаассифона, ин тамоюл бемайлон рушд ёфта, камбуди обро дар ҳама сатҳҳо шиддат мебахшад ва тибқи арзёбии коршиносон, аллакай дар соли 2030 зиёда аз 40 фоизи аҳолии ҷаҳон норасоии захираҳои обро эҳсос хоҳанд намуд.

Возеҳ аст, ки дар чунин шароит таъмини маблағгузории устувор ва зиёд намудани самроягузорӣ ба лоиҳаҳои инфрасохтории соҳаи об зарур аст.

Боиси таассуф аст, ки бӯҳронҳои молиявию иқтисодии солҳои охир кӯшишҳои кишварҳоро ҷиҳати амалӣ гардонидани барномаву лоиҳаҳо дар соҳаи об коста мегардонанд.

Ба ин манзур дастгирии ташаббусҳо оид ба беҳтар гардонидани маблағгузории соҳаи об, аз ҷумла бо истифода аз фондҳои глобалии сармоягузории мавҷуда, ба монанди «Фонди иқлими сабз», саривақтӣ ва муҳим мебошад.

Ин амалия барои кишварҳои камтараққӣ ва дар ҳоли рушд қарордошта басо муҳим аст.

Тибқи ҳисобҳо, сармоягузорӣ дар самти беҳтар намудани идоракунии захираҳои об танҳо дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ бо маблағи аз понздаҳ то сӣ миллиард доллари амрикоӣ, метавонад дар ҳаҷми то ду баробар зиёд даромади мустақим орад.

Азнавсозии инфрасохтори мавҷуда ва бунёди нави он, инчунин ҷалби технологияҳои нав барои ин мақсадҳо дар таъмини истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои об нақши калидӣ хоҳад дошт.

Ба ин васила ҷиҳати таъмини амният дар соҳаи об саҳми назаррасе гузошта мешавад.

Масалан, сохтмони обанборҳо имкон медиҳад, ки на танҳо тавлиди нерӯи барқи арзону аз ҷиҳати экологи тоза роҳандозӣ шавад, балки дар шароити тағйирпазирии иқлим танзими ҷараёни боэътимоди об ва ҳифзи аҳоливу заминҳо аз селу обхезиҳо таъмин гардида, шиддати таъсири хушксолиҳо ва партови газҳои карбон ба фазо ба таври назаррас паст карда шавад.

Яъне, тарҳи инфрасохтории дуруст ба нақша гирифташуда ҳамзамон метавонад дар ҳалли чандин масъалаҳои ҳаётан муҳим мусоидат намояд.

Маҳз бо ҳамин мақсадҳо, мо дар баробари такмили қонунгузорӣ ва асосҳои ниҳодии идоракунӣ ба Барномаи ислоҳоти бахши оби Тоҷикистон масъалаи рушди инфрасохтори обро ворид кардем.

Ба ҳалли ин масъала зиёда аз ҳаштод фоизи маблағҳои пешбинишуда равона карда мешавад.

Мо итминон дорем, ки ин амалҳо ба кишвари мо имкон медиҳанд, ки як қадами назаррас дар шоҳроҳи расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор гузорад.

Изҳори умедворӣ менамоям, ки ниҳодҳои байналмилалию минтақавии молиявӣ ва кишварҳои донорҳо ҷиҳати дастгирии ҳамаҷонибаи талошҳои мо дар ин ҷода мусоидати худро дареғ нахоҳанд дошт.

Хонумҳо ва ҷанобон,

Дар хотима мехостам бори дигар омодагии моро ҷиҳати татбиқи Нақшаи амалҳо ва пешбурди ҳадафу мақсадҳои Панели сатҳи баланд оид ба об дар ҳама сатҳҳо изҳор намоям.

Аён аст, ки пешсафӣ дар роҳандозии ташаббусҳои дар боло зикршуда маблағҳо ва воситаҳои техникии зиёд, ҳамчунин таҳкими иҷтидорҳоро тақозо менамояд.

Дар шароити имрӯзаи иқтисодӣ татбиқи ин ташаббусҳо барои кишварҳои рушдёбанда, ба мисли Тоҷикистон дучанд душвортар аст.

Бо вуҷуди ин, мо ният дорем, ки ҷиҳати пешбурди ҳадафу мақсадҳои Панел, татбиқи Нақшаи амалҳо ва иҷрои ӯҳдадориҳои худ дар мавриди пешсафӣ дар амалҳои алоҳидаи Нақша аз тамоми имкониятҳо истифода барем.

Бовар дорам, ки дар татбиқи ин ҳадафу мақсадҳо шарикони мо оид ба рушд низ мусоидати худро дареғ нахоҳанд дошт.

Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам!
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: