Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Иштирок дар Панели сатҳи баланд оид ба об

Иштирок дар Панели сатҳи баланд оид ба об

30-11-2016, 09:10
Хабарро хонданд: 536 нафар
Назарҳо: 0
Иштирок дар Панели сатҳи баланд оид ба об
29.11.2016 20:08, Маҷористон


Рӯзи 29-уми ноябри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об, ки дар доираи Саммити оби Будапешт баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба ҷониби Венгрия ва роҳбари ин давлат барои дар сатҳи баланд ташкил намудани чорабиниҳои муҳим доир ба масъалаҳои об изҳори сипосу миннатдорӣ карда омодагию ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро барои мусоидат ва иштироки фаъол дар татбиқи Нақшаи амалҳои Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об, ки моҳи сентябри соли равон қабул шуда маҷмуан 57 амал ва мавзӯи афзалиятнокро фаро мегирад, изҳор намуданд.

Тавре зикр карда шуд, Тоҷикистон ҷонибдори эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» мебошад, ки аз бандҳои асосии ин Нақшаи амалҳо ба ҳисоб рафта лоиҳаи қатъномаи дахлдор оид ба ин масъала дар марҳалаи хотимавии баррасии Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид қарор дорад.

Бо таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми мавзӯъҳо ва амалҳои афзалиятноки Нақша ниҳоят муҳим ба шумор рафта барои ҳамкорӣ ва муттаҳид намудани кӯшишҳои муштарак ҷиҳати мусоидат ба амалияи дастёбӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор ва ҳалли дигар масъалаҳои вобаста ба об заминаи боэътимод ва ҷавобгӯи замон фароҳам меоварад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки дигар амалҳое, ки Тоҷикистон дар онҳо худро пешсаф мебинад, бо масъалаҳои роҳандозии робитаҳои ҳамшарикиву ҳамкории байналмилалӣ, паст намудани хавфи офатҳои табиӣ, тағирёбии иқлим, дастрасӣ ба оби нӯшокии безарар ва беҳдошт, муҳити зист, инфрасохтору сармоягузорӣ, мудирияти захираҳои об ва аҳамияту нақши он дар иқтисоди устувор ба ҳам пайвастагии зич доранд.

Дар чорабинии муҳим аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъалаҳои муҳимтарини марбут ба об, хусусан сармоягузорӣ ва инфрасохтор дар ин соҳа фикру мулоҳизаҳои судманд баён карда шуд.

Аз ҷумла таъкид гардид, ки ин ду ҷанба дар роҳи ҳалли мушкилоти вобаста ба об бо назардошти чолишҳои нав ва пеш аз ҳама таъсири тағиёрбии иқлиму афзоиши аҳолӣ, ки ба камшавии захираҳои оби нӯшокӣ ва зиёд шудани истеъмоли об оварда мерасонанд, омили калидӣ ва манфиатовар ба ҳисоб мераванд.

Дар чунин шароит таъмини маблағгузории устувору зиёд намудани сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои инфрасохтории соҳаи об ва дастгирии ташаббусҳо оид ба беҳтар гардонидани маблағгузории соҳаи об, аз ҷумла бо истифода аз фондҳои глобалии сармоягузории мавҷуда, ба монанди «Фонди иқлими сабз», иқдоми саривақтӣ ва хеле муҳим мебошанд, изҳор доштанд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Дар хотимаи нутқи пурмуҳтавои худ дар ҷаласаи Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар омодагии ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати татбиқи Нақшаи амалҳо ва пешбурди ҳадафу мақсадҳои Панели сатҳи баланд оид ба об дар ҳама сатҳу зинаҳо таъкид карда изҳори боварӣ намуданд, ки шарикони Тоҷикистон оид ба рушд дар роҳандозии ташаббусҳои бузург ва татбиқи ҳадафу мақсадҳо дар соҳаи об, ки маблағ ва воситаҳои техникии зиёд, ҳамчунин таҳкими иқтидорҳои мавҷударо тақозо менамояд, кумаку мусоидати худро дареғ нахоҳанд дошт.

facebook twitter
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: