Таҷлили «Рӯзи Дониш»1-09-2015, 13:00
Хабарро хонданд: 389 нафар
Назарҳо: 0
Санаи 1-уми сентябри соли 2015 дар тамоми мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ «Рӯзи Дониш» ҷашн гирифта шуд. Ҳамзамон бо дастгирии вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва аъзоёни фаъоли ҲХДТ мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №68-и Ҷамоати деҳоти Фрунзеи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ кушода шуда, ба истифода дода шуд. Дар кушодашавии бино Раиси ноҳия, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ иштирок намуданд. Инчунин, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ Абдулҳаев М. ба мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №36 ташриф оварда ҳозиринро бо «Рӯзи Дониш» табрик намуд.
Ҳамзамон бахшида ба «Рӯзи Дониш» Содиқова М., муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №62, Алиев З., мудири шуъбаи таблиғотӣ дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №44, Сулаймонова Л., мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳия дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №1 ва Ғуломов А., сармуҳосиби КИ ҲХДТ дар ноҳия дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №10-и ноҳия дар байни хонандагон вохӯриву мулоқотҳо, таҳти унвони «Мактаб – даргоҳи маърифат» гузарониданд. ©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар в. Хатлон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.