Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

Вохӯрӣ

10-11-2016, 09:55
Хабарро хонданд: 292 нафар
Назарҳо: 0
   Вохӯрӣ
Дар Гимназияи №1 бо иштироки Прокурори ноҳияи Деваштич, мушовири адлияи дараҷаи якум Талбакзода Дилшод Саид бо аъзо ва ҷонибдорони НТҶҶ «Созандагони Ватан» суҳбат доир гардид. Аввалан Талбакзода Дилшод омӯзгорону хонандагонро бо Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод карда, дар идомаи суханронӣ қайд намуд, ки баъди қабули Қонуни сарнавиштсоз дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвари азизамон дигаргуниҳои кулли ба вуқуъ омада, барои рушд ёфтани давлату давлатдорӣ, кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, муайян намудани сохтори идоракунии давлат Конститутсия санадест, ки фарогири ҳамаи ҳадафҳои давлату халқ ҳаст, ки мо 22 солагии қабули ин бахтномаи сарнавиштсози мардуми тоҷикро ҷашн гирифтем. Оиди ғамхориву дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати соҳаи маориф ва хусусан ҷавонон ҳарф зада, қайд намуд, ки Шумо ҷавонон аз имтиёзу дастгириҳои Сарвари мамлакат самаранок истифода намоед. Зеро Шумо насли ҷавон дар оянда идомадиҳандаи кори мо буда, баҳри пешрафту тараққиёти мамлакатамон дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифгар мебошед. Оиди боз як ҷашни муқаддаси дар пеш истода, яъне 16-ноябр – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бори нахуст дар мамлакатамон кайд карда мешавад ба хонандагон маълумот дод.
Дар хотима аз вазъи қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва шомилшавии ҷавонон ба сафи ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва оқибатҳои нохӯш доштани чунин фоҷиаҳои нафратангез дар ҷомеа андешаҳои худро иброз намуд. Хонандагон бо саволҳои худ ба Талбакзода Дилшод муроҷиат намуда барои ташрифаш миннатдории хешро баён карданд. Дар охир Талбакзода Дилшод ба донишомӯзиву корҳои дар пеш истодаашон муваффақиятҳои зиёдро таманно намуд.

Лоиқ Тўйчиев – мутахассиси иттилооти КИ ҲХДТ дар н.Деваштич
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: