Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Конститутсия – пуштибони ҷавонон

Конститутсия – пуштибони ҷавонон

8-11-2016, 15:01
Хабарро хонданд: 307 нафар
Назарҳо: 0
Конститутсия – пуштибони ҷавонон

Бахшида ба рӯзи Конститутсия ва 5-солагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Технолог» Конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Дар кори Конференсия раиси ТҶҶ «Соназандагони Ватан» дар вилояти Хатлон Ҳамидов Орзу, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Технолог» - директори Донишкадаи технология ва менеҷменти иноватсионии Тоҷикистон шаҳри Кӯлоб ва беш аз 250 нафар ҷавонон иштирок ва ибрози андеша намуданд.
Нахуст, бо садо додани Суруди миллӣ кори Конференсия оғоз гардид.

Зимнан, раиси ТҶҶ «Соназандагони Ватан» дар вилояти Хатлон Ҳамидов Орзу баромад намуда, изҳор дошт, ки бо назардошти ба кори дигар гузаштани роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар назди ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Технолог» зарурати интихоб намудани роҳбари нав пеш омадааст. Аз ин лиҳоз пешниҳод мекунам, ки роҳбари нави он ҷавони болаёқат Зулфов Муҳаммадҷон интихоб карда шавад.

Ҳамин тавр номзадии Зулфов Муҳаммадҷон ба ҳайси роҳбари ин намояндагӣ аз ҷониби иштирокчиён якдилона пазируфта шуд.

Зулфов Муҳаммадҷон барои ин боварии бузург тантананок ваъда дод, ки ҳамчун созандаи боэътимоди Ватан дар таҳкими дастовардҳои истиқлолият саҳми арзандаи худро мегузорад.

Бояд зикр кард, ки дар назди ин намояндагӣ беш аз 200 нафар ҷавонон шомил гардиданд, ки бевосита дар ҳамаи ҷорабиниҳои ҷамъиятиву сиёсӣ фаъолона ширкат меварзанд.

Дар охир ба аъзои нав, ки бештари онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд дар фазои тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Конститутсия – пуштибони ҷавонон




Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: