Кӯлоб: тантанаҳо бахшида ба 5-солагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” идома доранд3-11-2016, 11:33
Хабарро хонданд: 446 нафар
Назарҳо: 0
Санаи 2.10.2016 бахшида ба 5-солагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва 22-солагии ҲХДТ дар Ташкилоти ибтидоии “Борбад” маҷлиси машваратӣ таҳти унвони “Таълиму тарбияи наслҳои ояндасози миллат вазифаи ҳар кадоми мост!” баргузор гардид. Дар рафти чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул, роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар вилояти Хатлон Орзу Ҳамидов, раиси ташкилоти ибтидоии “Борбад”-директори мактаби №2-и шаҳри Кӯлоб Ғуломов Ҷурахон ва беш аз 200 нафар аъзову ҷонибдорони ҳизб иштирок ва суханронӣ намуда, аҳамияти таълиму тарбия насли наврас ва нақши ТҶҶ “Созандагони Ватан”-ро дар ин марҳила хеле муҳим арзёбӣ намуданд. Зимнан, бо назардошти ташаббускорӣ ва зиёд гаштани сафи ҷавонон дар ташкилоти ибтидоии “Борбад”, дар назди он намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” таъсис ёфт. Ба сифати роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар назди ТИ “Борбад” ҷавони ташаббускор, хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и шаҳри Кӯлоб Самадов Бобоҷон интихоб гардид. Беш аз 30 нафар ҷавононе, ки дар ҳайати ин намояндагӣ шомил гаштанд, тантананок ваъда доданд, ки ҳамчун созандагони боэътимоди Ватан дар таҳкими дастовардҳои истиқлолият саҳми арзандаи худро мегузоранд. Дар охири чорабинӣ ба як қатор аъзои нави ҷавон билетҳои ҳизбӣ супорида шуд. Чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба 5-солагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва 22 – солагии ҲХДТ идома доранд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.