Панҷ.
Матбуот дар ҳама давр минбари розу ниёз ва ғанӣ гардонидани маънавиёти инсон буду ҳаст. Дар ноҳия таблиғи нашрияҳои ҳизбӣ, ки барои минбаъд баланд бардоштани маърифати сиёсии ҳизбиён ва ҷонибдорон мусоидат менамояд хеле ҷонок карда шудааст. Имрӯз на фақат аъзоёни ҳизб, балки тамоми мардуми ноҳия ихлосманди рӯзномаҳои “Минбари халқ” ва “Ҳамрози халқ” мебошанд.
Ҳамзамон, нашрияҳо аз фаъолияти давлат ва ҳукумати мамлакат дар шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумотҳои бештар медиҳанд.
Мутобиқи дастуру супоришҳои КИМ ва КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар ноҳияи Панҷ ҳизбиён ба 800 нусха рӯзномаи “Минбари халқ” ва 500 нусха рӯзномаи “Ҳамрози халқ” барои соли 2017 обуна гардиданд. Дар ин давра махсусан ташкилотҳои ибтидоии “Маорифчиён”, “Савдо” ва шаҳраки Панҷ, Беморхона, Маркази саломатӣ, Барқ, хоҷагии Панҷ, ҶСК “Сарой-Камар” ва “Соҳибкорон”-и Бозори марказӣ фаъолона иштирок намуданд.
Маҷлиси раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панч, ки бо наздикӣ баргузор гардид, натиҷаи маъракаи обунаро баррасӣ карда, беҳтарин ва аввалин ташкилотҳои ибтидоӣ, ки нақшаи обунаи соли 2017 иҷро намуданд бо мукофотпулиҳо, Ифтихорномаҳо ва Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ноҳия сарфароз гардонида шуданд.
КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ.