БО ИСТИФОДА АЗ АДРАСИ ҚАДИМӢ ЗАНОНИ ХАТЛОНӢ МАҲСУЛОТИ ЗАМОНАВӢ МЕОФАРАНД28-10-2016, 10:04
Хабарро хонданд: 287 нафар
Назарҳо: 0
Чанде пеш дар шаҳру навоҳии Қӯрғонтеппа, Қабодиён ва Шаҳритуз аз тарафи Лоиҳаи «Соҳибкории бонувон воситаи васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои занон» омӯзиши амалӣ барои дӯзандагон гузаронида шуд. Ҳар яке аз ин омӯзишҳо ду рӯзӣ идома ёфта, дар онҳо 45 нафар занону духтарони дӯзанда ва соҳибкор иштирок намуданд. Онҳо дар ин муддат тайёр намудани ҷузвдон, гарданбанд, ҳамёнҳои занона ва сумка барои ноутбуку планшетро, ки ҳамагӣ бо истифода аз матои адрас бо таври замонавӣ омода мешаванд, омӯхтанд. Қайд кардан ба маврид аст, ки матои истифодашуда истеҳсоли маркази омӯзишии адрасбофӣ ва адрасбофии лоиҳа дар шаҳри Қӯрғонтеппа мебошанд. Ин таҷрибаро тренери моҳир ва касбӣ Тахмина Каримова, роҳбари ташкилоти ҳунармандии «Озара», ки воқеъ дар шаҳри Хуҷанд аст, ба бонувони хатлонӣ омӯхт. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.