Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ТАНҲОӢ. ЭЪТИБОР ВА ИНСОН

ТАНҲОӢ. ЭЪТИБОР ВА ИНСОН

26-10-2016, 11:08
Хабарро хонданд: 287 нафар
Назарҳо: 0
ТАНҲОӢ. ЭЪТИБОР ВА ИНСОН
-Модари ман аз танҳоӣ бемор шуду оқибат он ғамбода сабаби маргаш шуд, - мегӯяд бо оби чашми шашқатор дугонаам, ки бо гузашти зиёда аз даҳ соли фавти модар худро бахшида наметавонад. Дар аввал ман фикр кардам, ки шояд ӯ фарзанди ягонаи модар асту зиндагии оилавӣ имконаш надодааст, дар хидмати волидааш бошад, ҳамчуноне ки маъмулан дар таомули мо духтарон баъди шавҳар кардан «мол»-и хонадони дигар мегарданд. Вале ин иштибоҳ буд. Модари дугонаи ман соҳиби 8 фарзанди баркамол, 60 набера ва ҳатто абера будааст. Дар як хонадон вақтҳои охир бо ду келин ва набераҳояш мезистааст. Аммо баъди хонадор кардани духтари охиринаш модар эҳсоси танҳоӣ мекунад. Келинҳо вақтҳои фориғ аз кори хона шудан, ки маъмулан ин замони муоширати хонаводагӣ аст, акнун ба хонаи дигар рафта, бо ҳам суҳбату хандаву розгӯӣ мекардаанд. Набераҳо ҳам суҳбати бибияшонро дигар ҷолиб намешумурданд, кадоме аз пушти хондан, касе ба бозиҳои кӯдаконаи хеш машғулият доштанд. Писарони модар ҳам аз кор бегоҳӣ хаста шуда омада каме телевизор тамошо мекарданду хоб мерафтанд. Муоширати онҳо бо модар дар доираи салому алейк ва ҳолпурсӣ иктифо мешудааст. Гоҳе ки духтарони хонадоршудааш ба меҳмонӣ меомаданд, каме бо модар ҳамсуҳбатӣ доштаву бештар бо дугонаҳо, янгаҳо кӯдакони худ ва бачаҳои ин хонадон сару кор гирифтаву гӯё таваҷҷуҳи камтар ба модар доштаанд.
Ин зани хушрӯзгор зиёда аз 50 соли ҳаёти хешро ба он сарф карда буд, ки 8 писару духтари барвақт аз падар сағир мондаро ҷо ба ҷо кунад. Соҳиби маълумот кардан, хонадор намудан, калон кардани фарзандони онҳо, дар бемориву зарураташон дар паҳлӯяшон будан, ҷиҳози арӯсӣ дӯхтан, ғами тараддуди тӯю маъракаҳои онҳо ва садҳо кори майда- чуйдаи марбути ҳаёти фарзандон машғулияти доимии ӯ буда, бар замми ин чун як бонуи рӯзгордида дар маъракаҳои аҳли деҳ сарвари ифтихорӣ буд, ки ин ҳама имконаш намедод даме бекор шавад. Аммо замоне, ки фарзандони фарзандонаш ҳам калон шуданду таваҷҷуҳи онҳо ба оилаҳои худашон бештар шуд, оҳиста-оҳиста нақши модар дар ҳаёташон камранг гашт. Модар гӯё он эътибори шахси муҳими зиндагонии худиву бегона буданашро рӯз аз рӯз аз даст медод.
Модар дар ҳоле худро дар зиндагии хеш ва дар рӯзгори фарзандон бе нақши асосӣ эҳсос кард, ки аллакай ҳамсояҳои ҳамсолаш, дугонаҳои худаш ва хешу табору наздиконаш як-як аз қайди ҳаёт сар мерафтанд. Дигар чашмонаш камнур шуда буданд, ки вақти хеле зиёди худро сарфи дарзу дӯхт бикунад. Қуввату мадораш кам гашта буд, ки дар ҳотакориву боғдории хонадон ҳам саҳме бигираду вақташро бо он гузаронад.
Ин зани меҳнатӣ, ки тамоми умрашро бо кору бори рӯзгори худ ва дигарон гузаронида буд, бекорӣ, беамалӣ ва танбалиро хеле бад медид. Вале бо кадом амале, бо чӣ коре ба атрофиён манфиат расониданро дигар намедонист. Хоса, вақте эҳсос мекард, ки аз ӯ дурӣ меҷӯянд, ғалаёни андешаҳои мағшуш сарашро ба дард меоварданд. Дар ҳайрат буд, ки бояд чӣ кор кунад, куҷо равад, бо кӣ ҳамроз бошад.
Гоҳо мехост, ки он таҷрибаи бойи зиндагӣ ва рӯзгордорияшро ба наберагон ё келинҳо биёомӯзад, вале дигар онҳо қабул надоштанд. Зеро ба назари набераҳо андешаҳои бибӣ қадимаву кӯҳнашуда буданду ба назари келинҳо ба корҳои онҳо чаққа шудани хушдоман хӯрдагирӣ менамуд. «Мо худамон ба синни хушдоманӣ расидаему ин кампир ҳанӯз ба мо кор дорад», - ғур-ғур мекарданд онҳо.
Ҳатто кор ба дараҷае расид, ки акнун хӯроки ӯро ба хонаи хобаш бурда медоданду худашон сари дастурхони алоҳида хандаву шӯхикунон менишастанд.
Кампир гоҳе дилтанг мешуду ба хонаи писари дар маркази ноҳия будааш ба меҳмонӣ мерафт. Келини аллакай «шаҳрӣ» шудааш ҳам, ки бештари вақташро бо дугонаҳои худ гузарониданӣ буд, баъди 3 рӯз аз ин меҳмон «сер» мешуду бо баҳонаҳои гуногун ӯро боз ба деҳа пас мегардонд.
Агар зани рӯзгордида ба набераҳо чизеро тавсия доданӣ мешуд, онҳо бо тамасхур «Э, мома хап кун, ту чиро мефаҳмӣ?
Ин ақидаҳои ту аз асрҳои кӯҳна аст», - гуфта рӯирост беэътибории бибиро бо «далел» «исбот» мекарданд.
Зани солиёни зиёде садри хонадон, гули маърака ва маслиҳатгари як авлоди бузург буда, кунун рӯз аз рӯз мавқеи иҷтимоӣ ва шахсии худро аз даст медод ва рӯҳафтодагӣ ба дилу ҷонаш таъсир мегузошт.
БЕЭЪТИБОРӢ
Ҳатто чандин маротиба писарони аллакай баркамолаш ҳам: «Оча, хап шин, кордор нашав ба ҳаминҳо. Мон чӣ хеле ки мехоҳанд, зиндагӣ кунанд», - гуфта эътирози модарро нисбати рафтори зан ё фарзандони худ бо оҳанги норозиёна «хомӯш» мекарданд. Духтаронаш низ ҳангоми ба аёдат омадан ӯро насиҳат мекарданд ки: «Додандат бихӯр, надоданд не. На ба коре кордор бошу на ба гапе. Беҳтараш хомӯш бош, то ба назарашон бад натобӣ. Акнун давр даври онҳост».
Модар дигар илоҷе надошт, ба ҷуз он ки бештар дар хоначаи худ танҳо бишинад ё ба қавле рӯи ҷогаҳи хобаш, ки акнун онро ҷамъ ҳам намекарданд, дароз бикашад. Дари ӯро гоҳ-гоҳ наберагон барои он мекушоданд, ки аз пули нафақааш чанде бигиранд ё аз чизакҳои бомаззае, ки гоҳо духтаронаш барояш савғо овардаанду кампир онҳоро ҳанӯз нахӯрдааст, бирабоянд.
Келинҳо ин хушдомани замоне модарвор дастгирияшон кардаро, ки акнун аз ҳама ҳуқуқу ҳақҳояш маҳдуд карда шуда буд, аз рӯи имону инсоф каме «барои замона» нигоҳубинаш мекарданд. Мепурсидандаш, ки либосе барои шустан дорад ё оби саршӯияшро гарм карда медоданд, ки оббозӣ кунаду тамом.
Хулоса, касе аз дили ин зани акнун танҳо, ин модаре, ки қаринтарин ақрабояш қариб ба 80 нафар кас мерасид, намепурсид. Ба ёди касе ҳам намеомад, ки ӯ пир шудааст, вале ҳанӯз зинда асту одами зинда бе ҳамсуҳбатӣ, бе дилҷӯӣ, бе гуфтану шунуфтан, рӯҳан мемирад.
Гоҳе ки ягон ҳамсоя ё хешон аз раҳи дур ва ё хешу табори келинҳо ба меҳмонӣ меомаданду ӯро низ ба сари хони меҳмонҳо даъват мекарданд, рӯҳу ҷони тоза пайдо мекард. Мекӯшид, ки ба меҳмонҳо ҳар чи бештар сухан бигӯяд, ҳикоя кунад аз замони зиндагии хубаш, аз давраҳои садри хонадон буданаш, аз замони хушбахтиҳояш, ки ӯ шамъе буду фарзандон парвона дар гирдаш. Вале ё меҳмонон баъди чанд соате мерафтанд ё онҳо машғули суҳбатҳои хеш дигар ба гуфтаҳои кампир камтар таваҷҷуҳ мекарданд, вале боз ҳам ин муошират гӯё ба вай чанд рӯзи дигар рӯҳи тоза мебахшид. Аммо боз бо гузашти чанд рӯзе ӯ ба ҳоли рӯҳафтодагиву танҳоӣ бо сари пурандешаи хеш танҳо мемонду ғалаёни андешаҳои неку бад, ёди рӯзгори ширин ва нобуди дӯстони дерин ба кӯйи сарди танҳоӣ мекашидаш, ва хомӯш оби чашм мерехт.
ЁДИ РӮЗГОРИ ШИРИН
Тамоми рӯзгори худро як-як пеши назар меовард. Гоҳо аз ёди ширинтарин лаҳзаҳои дар ёдмондаи умраш табассуме бар лабонаш медамид. Гаҳе аз азобҳои бепадар калон кардани 8 фарзанд ва сахтиҳои аз сар гузаронидааш тӯли солҳои сахтӣ ёд карда, талх мегирист.
Акнун зиндагии ӯ аз ёдҳо иборат буд. Аз ёди хонаи замоне чун бозор пуродамаш, аз такудавҳои меҳмонону маъракаороияш, аз замоне ба истироҳатгоҳе рафтан, аз рӯзҳои ба Душанбе ба хонаи хешашон сафар карданаш, аз тӯйҳои фарзандон, аз бемордориҳои наберагон, аз чиллабарории келину духтарҳо аз нақшу нигору ҷомадӯзиҳояш, аз даврае, ки ӯро чун кадбонуи беҳтарин ба ошпазӣ мебурданд, аз солҳои маъракадориаш. Аз солҳое, ки бо хости тӯйдорон ӯ арӯсонро либос мепӯшониду ҷомаи домодии шоҳбачаҳоро чун як зани бобаракат маҳз ӯ бо илтиҷои модаронашон ба сар мегузошт, тахти арӯсону сандуқи онҳоро бо даст расонидани вай табаррук мешумурданд, ёд мекард.
Ва инак ӯ дар хоначаи хурдакаке чашм ба рӯшноии тирезаи ягона, аз камнурии дидагонаш бо он орзуе менишаст, ки касе дарашро боз кунад, касе бо вай ҳарфе бизанад.
ТАНҲОӢ МИЁНИ ОДАМОН
Ҳар моҳу ҳафтаву рӯзу соат умед ба хушиҳои зиндагӣ дар қалби ин зани бо доштани бозмондагони бешумораш танҳову ГӯЁ «бекас» ва рӯҳафтодаву хиҷолатзада аз умри дарозро, тарк мекард. Акнун дар дили вай ба ҷойи муҳаббат гӯё кину нафрат ҷойгузин мешуд. Нафрат ба худ, ба зиндагӣ, ба одамони нисбаташ бепарво, ба наберагоне, ки ба ҳолаш механдиданду ба гапаш гӯш намедоданд, ба онҳое, ки маҳкум ба танҳоиву беморӣ, маҳкум ба беэътиборияш гардонида буданд, чун шамъе дар оташи ҷаҳаннами танҳоӣ месӯхту об мешуд. Ин зани ҳанӯз хеле солиму бақувват, ки бо пешниҳоди келинҳо, ки ӯро аз ҳама кор ва ҳақи гап задану ба кору маслиҳате ҳамроҳ шудан маҳрум карда буданд, дигар дасти гирову пои равон надошт. Духтаронаш машғул ба зиндагии худ аз ҳолаш хеле кам огоҳ мешуданд, писаронаш, ки гӯё масруфи кору таъминоти рӯзгор буданд, яъне қаринтарин касонаш низ огаҳие аз дилаш надоштанд ва шояд надониста ҳамагӣ ӯро маҳкум ба танҳоӣ карданд, яъне ӯро чун инсон, чун одами даркорӣ дар зиндагияш куштанд.
Зеро инсон то замоне зинда аст, ки даркорӣ будани худро эҳсос менамояд. Танҳоии қалб бо будан миёни ҳазорҳо одамон ҳам кушанда аст. Қотили қалби инсон аст.
Ҳуриннисо Ализода.
РS: Волидонро дар пирӣ танҳо нагузоред. Ба онҳо имкон бидиҳед, ки худро дар ҳаёт хеле муҳим эҳсос кунанд. Аз қалби онҳо, аз розҳояшон огоҳ бошед, натанҳо аз дарди ҷисм, хоса дарди дилашон огоҳ бошед.
Ба фарзандонатон ҳам биёмӯзед, ки волидон то кадом андоза гавҳари ноёбанд, ҳамчуноне, ки фарзандон барои шумо.
Волидон дар зиндагӣ ҳамеша бояд садри зиндагӣ бошанд, новобаста аз он ки чандсолаанд, хубанд ё бад. Волидонро танҳо нагузоред, зеро онҳо шуморо ҳеҷ гоҳе замоне, ки ниёзмандашон будед, танҳо намондаанд.
Ҳамеша эътибори инсонро эътироф созед, зеро одам боэътибор зинда аст.





Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: