Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Баҳо: арзиши қиматгумкарда?

Баҳо: арзиши қиматгумкарда?

8-07-2016, 09:00
Хабарро хонданд: 457 нафар
Назарҳо: 0
Баҳо: арзиши қиматгумкарда?
Вожаҳои баҳо, арзиш ва қимат ҳаммаъноянду баҳо додан, нарх кардан, арзиши чизеро муайян карданро мефаҳмонанд. Яъне баҳо ба дониш, ба одамон ва ба ашёҳо дар ифодаҳои баҳоят панҷ ё баҳоят ду, одами хеле хуб, чеҳраи нуронӣ, париваш, инсони некдилу хайрхоҳ, одами бадхӯ, шахси танбалу танпарвар, моли қимат, гаронарзиш, ба зар баробар, аз тилло ҳам қимат ва амсоли инҳо муайянкунандаи баҳо, арзиш ва қимати касе ё чизе аст.

Баҳо дар мактабҳои ҳамагонӣ мавқеи хосе дорад, ки тӯли 10-11 соли таҳсил дар муайян кардани сатҳи дониши хонандагон ченаки ягона аст. Дар системаи таълимоти шӯравӣ, ки чун имрӯз 5 балла буд, баҳо воқеан ифодагари сатҳи дониши талабаҳо буд. Он давраҳо баҳои 2 мондан ва дар як синф такроран монондани хонандагон волидон ва талабагонро маҷбур мекард, ки барномаи дарсиро сари вақт биёмӯзанд. Баҳои 5 танҳо ба онҳое гузошта мешуд, ки дониши воқеан баланд ва истеъдод доранд. Кӯдакон барои сазовор шудан ба баҳои аъло чӣ қадар мехонданд, яъне заҳмат мекашиданд. Ҳама, чи волидон, чи талабагон ва чӣ муаллимон медонистанд, ки баҳои 5 гирифтан чӣ маъно дорад. Баҳои 2- ки нишонаи бесаводии талабаро дошт, хеле таҳқиркунанда буда хонанда ва ҳам волидонро водор мекард, ки иловатан чӣ қадар вақти дигарро барои бартараф кардан, аниқтараш ислоҳ намудани баҳои 2 ақаллан ба 3 меҳнат кунанд. Дар мактаби олӣ ҳам ин система амал мекард ва меъёри аз ҳама тақдирсози баҳо он буд, ки аллакай баъди хатми мактаби миёна кӣ ба мактаби олӣ мераваду кӣ не. Дар мактабҳои миёнаву олӣ аълохонҳо ва бадхонҳоро ҳама мешинохтанд. Талабаи аълохон дар мактаб ва донишгоҳ қадру қимати хосае дошт. Ӯро устодон ва шарикдарсон эҳтиром мекарданд. Албатта муҳим набуд, ки ӯ фарзанди кист. Меъёри арзиши талаба ин саводи вай буд, ки бо баҳоҳои гузоштаи муаллимон арзиши хонанда муқаррар карда мешуд. Аммо… Мутаассифона аз рӯзе, ки баҳо фурӯхта ва харида шуд муайян кардани арзиши зеҳнии ҳама чиз ва ҳатто одамон ҳам душвор гашт. Гузоштани баҳои аъло ба хотири пул, ба хотири хешу табор ё ҳамшаҳрчигӣ, ба хотири вазифаи волидон, ба хотири иҷрои коре ё дар ивази подоше, қимати аслии баҳоро пурра аз миён бурд. Инак, ҳар касе имкон дорад, босаводу бесавод ба мактаби олӣ дохил мешаваду бо ҳар роҳе онро хатм мекунаду соҳиби диплом, яъне маълумоти олӣ мегардад. Ин маълумотро барои он олӣ мегуфтанд, ки шахси соҳиби дипломшуда соҳаи хешро дар дараҷаи олӣ меомӯхт. Вале мутаассифона, имрӯз ин меъёр қимати худро барбод додааст.

Вақте ки соҳибдипломи имрӯзӣ аризаи ба кор даромаданро, ки барояш «дикта» карда мешавад, бе хато навишта наметавонад, оё маълумоти ӯро олӣ гуфта мешавад? Аризае, ки бо 3 ё 5 ҷумлаи содаи бо забони модарӣ навишта мешавад.

Бо дӯсти донишмандам Шодимаҳмад Сӯфизода ки имсол раиси комиссияи имтиҳони давлатии яке аз факултаҳои Донишгоҳи миллӣ буд, аз ин хусу сӯҳбат доштему бо таассуф аз бесаводии хатмкунандаҳо мегуфт. Устод аз он мутаассиф буд, ки бархе аз ҳамкасбони донишгоҳияш барои донишҷӯёни имтиҳонсупор хоҳиши баҳои 5-ро мекардаанд. Мавсуф мегӯяд, ки то ин дараҷа беқадр шудани баҳо ва умуман дигар меъёри дониш набудани онро тамоми умр тасаввур карда наметавонистем. Раисони дигари комиссияи имтиҳоноти давлатӣ Бахтиёр Ҳамдамов, Абдуғаффори Камол,… ва чанде дигарон ҳам аз дархости баҳои баланд барои дониши паст доштани хатмкунандагон бо таҳайюру таассуф ёдовар мешаванд. Умуман ҳар нафаре аз муаллимони мактабҳо ва донишгоҳу донишкадаҳо ин мушкилро хуб медонанд. Медонанд, ки шахси бесаводе баҳои аъло талаб карда беҳаёёна сурх ҳам намешавад, нафари камсаводе соҳиби дипломи аъло гашта, заррае азоби виҷдон намекашад, ки ин баҳои воқеии дониши вай нест. Боре ҳам ва намеандешад, ки ба коре ё масъулияте соҳиб гашта фардо онро чӣ тавр ӯҳда мекунад. Баҳо ба зебоӣ ва ҳунар ҳам дар гуфтору муносибатҳои мо арзиши худро аз даст додааст. Такаллуф (комплимент) ё тамаллуқ дар рӯзгори мо ҷойи ҳақиқатро ончунон танг бинмудааст, ки дигар аз гуфтани сухани рост, яъне аз ҳақ гуфтан метарсем. Зеро одамон кам-кам аз он дур шудаву кам мондааст онро ба архаизм супорем ё умуман фаромӯш созем.

Лутф карда ба касе сухани хуш гуфтан аз рӯи маърифат аст, вале агар он рост бошаду каме муболиға (дурӯғ) дошта бошад. Аммо баръакси ин ҳолро мо аксаран вомехӯрему худро ба нодонӣ мезанем. Зеро таъриф ва ситоиш он қадар дилҳои моро мебарад, ки баръакс гоҳи шунидани ҳақиқат ба шӯр меоем. Инсон ба хубиҳо зуд одат мекунад. Таъриф ба ҳама кас мефорад, вале одам бояд ҳамон қадар идроке дошта бошад, ки таоруфро аз ҳақиқат фарқ гузошта тавонад. Вақте ки касе бароят «комплимент» мегӯяд, бояд дар дил таҳлиле барои худ созӣ, ки то куҷо гуфтаи ин одам ҳақиқат дошту то куҷо он муболиға аст. Шахси комилақл таоруфро ҳатто "қарз» ҳисоб мекунаду ба худ меандешад, ки барои сазовор шудан ба он бояд бикӯшад.

Боре ба утоқи кории як дӯстам даромадам, ки ӯ бо ду дугонааш менишаст. Баъдан боз як нафаре аз дӯстони онҳо вориди утоқ шуду бо салому алайк ба ҳар кадоме таоруф мекард. Комплимент мегуфт. Яке аз дугонаҳои он дӯстам чеҳраи хеле безеб дошту ман баробари ворид шудан аз дар инро дида будам. Дӯсти тозавориди онҳо чун бо ин зани зиштчеҳра салом мекард, таоруф намуда «ҳа паричеҳра, ҳолат хуб аст» - гуфта ба вай муроҷиат кард, ки ман як қад паридам. Фикр кардам, ки он зан ҳатман аз ин киноя меранҷад. Вале ӯ ин «комплимент»-ро ҳақиқат қабул карда, хеле шод шуду дарзамон дар майнаи ман суоле пайдо шуд. «Магар ӯ худро дар ойина надидааст?»

Яъне таоруф ҳам бояд то ба ин дараҷа аз воқеият дур набошад, ки ҳайрати дигаронро биёрад. Дар ин ҳол ин дурӯғи рӯиросте беш нест.

Мо ба худ ва ба ҳамдигар баҳои хеле баланд доданро он қадар одат кардаем, ки дигар дурӯғ ҷойи ростро гирифта моро ба дурӯғгӯӣ одат кунонидааст. Ин аст, ки агар касе росту воқеиятро бигӯяд, ӯро бад мебинем ё назди одамони «даркорӣ» бад мекунонем. Яъне баҳои воқеӣ ва арзиши аслиро дар аксар ҳолат гум карда истодаем.

Баҳои баландро харидан хеле осон шудааст. Зеро хотирбинӣ, пинҳон кардани ҳақиқат, айб набудани дурӯғгӯӣ, ё натарсида фиреб кардани дигарон, ки пештар рафторҳои бад маҳсуб мешуданд, имрӯзҳо дигар айб нестанд. Ҳатто мо ба онҳое, ки бо дурӯғу фиреб ё тамаллуқу шаттоҳӣ дар коре муваффақ мешавад, дигар баҳои манфӣ намегузорем. Баръакс бо алам мегӯем: «Қандаша занад, метавонад». Ё шиори «Тавону дар намон» ба маънои бо кадом роҳи баде ҳам коратро анҷом дода тавонӣ, марҳаматро дар назар дорад, ки ҳатто боиси ифтихори бархе аз одамон гаштааст. Ба китобҳои сусту камарзиш, ба мақолаҳои хому хатала, ба шеърҳои бевазну қофия, ба асарҳои «илмӣ»-и бепоя, ба корҳои камарзиши ҳамдигар «дӯстона» баҳои баланд медиҳем. Журналистони телевизионҳоямон ба фачтарин ҳамсуҳбаташон «ташаккур барои як суҳбати пурмуҳтаво» мегӯянд. Хурду бузургро «устод» мехонем, беҳунартарин сарояндаро мумтоз меномем, аз хурдтарин корамон «муваффақияти беназир» месозем, ибораҳои тумтароқи болохонадорро дар васфи ҳамдигар истифода месозем, тамаллуқи рӯирост мекунем, ҳамаро аз будаш зиёду барзиёд баҳогузорӣ мекунем ва қимати ҳама чизро дониставу надониста беарзиш мекунем. Гоҳо ифтихороти пучамон он қадар боло мегирад, ки як деҳаи пурлоямонро аз бузургтарин шаҳрҳо боло мегузорему онро ба гунаи дигар ташреҳ медиҳем. Агар касе чашмамонро ба сӯи ҳақиқат во карданӣ шавад ӯро душман мехонем. Ҳисси худхоҳиамон гоҳо он қадар боло мегирад, ки ҳар кадоме худро аз дигарон ва аз ҳама боло гузоштанӣ мешавем, зеро дигар баҳои воқеиро ба худ ҳам гум кардаем. Акнун моро аз хурдӣ аз боғчаву мактаби миёна бо гузоштани баҳои дурӯғин, яъне аз будаш бештар одат мекунонанд. Ва мо низ дидаву дониста чашм мепӯшем, зеро баҳои баланд ба ҳамаамон маъқул аст. Аммо андеша намекунем, ки оё мо ба ин баҳо сазовор ҳастем ё не? Зеро барои андеша доштаи мо бояд воқеиятро дар бораи худ бидонем. Бидонем, ки қимати мо ба кадом андоза аст ва муҳимтар аз ҳама фирефтаи он баҳоҳои баланди бо ғаразе бароямон гузоштаи тамаллуқкоре набошем. Агар арзиши аслии инсонҳо баҳои воқеии худро наёбад, пас мо наслҳои баъдинаамонро ба раҳгумӣ мебарем. Зеро чӣ дар табиат ва чӣ дар зиндагӣ ҳеҷ гоҳе ҳама чиз аъло буда наметавонад. Ба кори бади касе баҳои хуб гузоштани мо маънои онро надорад, ки кори баде надорем. Баҳои аз ҳад баланди ғайривоқеӣ ба худкомагӣ мебарад. Инсон бояд ба хеш назари интиқодӣ ҳам дошта бошад, то аз воқеияти ҳаётӣ дур ва дар осмонҳо бо тасаввури зиндагии рӯъёӣ хешро нафиребад. Хоса ба кӯдакон баҳои воқеӣ дода онҳоро аз иштибоҳҳо дур гардонем. Онҳо хубу бад ва сараву носараро ҷудо карда тавонанд. Чашми ҳақбин дошта тавонанд, зеро онҳо ҳама чиро аз мо калонсолон меомӯзанд, зиндагии моро бо каме тағйирот такрор мекунанд.

Бо донишманде дар масъалаи роҳҳои баргардонидани савод ба мактабро матраҳ мекардему ба хулосае омадем, ки то он ки баҳои воқеӣ ба дониши талаба боз гардонида нашавад, савод, ки пояи асосии ҳама донишу илм аст, комил намегардад. Қимати саводро, арзиши маълумотро бо баҳои воқеӣ баргардонем ва бад ин васила ҳарчзудтар ростиро, ки безавол аст, ба маснади волотарини хеш, ба садри маснади андеша дар зиндагиамон бинишонем.
Ҳуриннисо Ализода
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: