КӮМАКИ ТУТ БА БАДАХШОН14-10-2015, 14:00
Хабарро хонданд: 523 нафар
Назарҳо: 0
Бюрои Минтақавии Аврупоии Ташкилоти Умумиҷаҳонии тандурустӣ ва Ҳукумати Италия дар доираи ҳамкории худ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аҳолии аз офати табиӣ зарардидади ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мачмуи дорувориҳоро дастрас намуд. Ҳаҷми умумии маводи доруворӣ 892 килограмро ташкил намуда, барои 10 000 нафар аҳолӣ, ки онро дар муддати се моҳ истифода бурда метавонанд, пешбинӣ шудааст.
Дар моҳи августи 2015 иҷрокунанадаи вазифаи Роҳбари Намояндагии Ташкилоти Умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Др Мелита Вуйнович аз минатқаҳои аз офати табиӣ зарар- дидаи ВМКБ боздид ба амал овард. Зимни ин сафар Др Мелита Вуйнович якчанд вохуриҳо бо намояндаҳои Ҳукумати маҳаллӣ, беморхонаҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ ва аҳолии зарардида ба анҷом расонд. Сафари намояндагони Ташкилоти Умумиҷаҳонии тандурустӣ дар ноҳияҳои аз офати табиӣ зарардидаи минтақаи Рашт идома дорад. ©health.tj |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.