Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар Тоҷикистон бори аввал Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» қабул карда мешавад.

Дар Тоҷикистон бори аввал Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» қабул карда мешавад.

18-10-2016, 09:02
Хабарро хонданд: 210 нафар
Назарҳо: 0
 Дар Тоҷикистон бори аввал Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» қабул карда мешавад.

Душанбе,/АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон бори аввал Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» қабул карда мешавад. Лоиҳаи қонуни мазкур дирӯз дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии Парлумони мамлакат, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, баррасӣ шуд.
Аъзои Шӯро ҳамзамон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ», «Дар бораи алоқаи барқӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро муҳокима намуданд.
Дар анҷоми Шӯро бархе аз масъалаҳо барои муҳокима ва қабул ба ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум пешниҳод гардиданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: