Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ПАНҶ ШОДОБ ШУД

ПАНҶ ШОДОБ ШУД

13-10-2016, 10:18
Хабарро хонданд: 188 нафар
Назарҳо: 0
ПАНҶ  ШОДОБ  ШУД

Об манбаи ҳаёт ва муҳимтарин воситаи ободонию созандагист. Бесабаб нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ин муъҷизаи табиат таваҷҷуҳи хоса дошта, мақому манзалати оби ошомиданиро нафақат дар ҷумҳурӣ, балки дар тамоми сайёра баланд бардоштааст.
Тавассути ғамхориҳои Пешвои миллат ва Хукумати ҷумҳурӣ, роҳандозӣ шудани сиёсати оқилонаи дарҳои кушод дар арсаи ҷаҳон Тоҷикистон дустони зиёде пайдо намудааст. Ҳукумати Ҷопон, ки яке аз давлатҳои муқтадири ҷаҳон аст, тӯли солиёни зиёд бо Ҷумҳурии мо муносибатҳои дӯстонаю беғаразонаро идома дода истодааст. Дар ноҳияи мо ин давлати бо мо дӯст корҳои зиёдеро ҷиҳати баланд бардоштани соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ба сомон расонидааст ва кӯмаку ёрии халқу Ҷопон имрӯз ҳам идома дорад.
Сохтмони биноҳои таълимӣ, муассисаҳои тиббӣ, таъмиру тармими роҳҳо, таъмини воситаҳои истеҳсолот ва амсоли инҳо, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷопон барои мардуми ноҳияи мо ба анҷом расонида шудаанд, кам нестанд.
Инак, 7 октябри соли равон барои мардуми ноҳия, хусусан бошандагони ҷамоати шаҳраки Панҷ ва ҷамоати деҳоти Озодагон боз як хурсандии дигаре фаро расид: корхонаи обтаъминкунии ноҳия, ки қариб аз истифода баромада буд, аз ҷониби фирмаи «Ҷайка»-и Ҷопон аз сари нав сохта ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар маросими кушоиши ин корхона Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Коҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Д.Гулмаҳмадзода, Сафири фавқулодда ва муҳтори давлати Ҷопон дар Тоҷикистон ҷаноби Хаҷима Хитиока, роҳбарони ноҳия, сарварони муассисаю корхона ва ташкилотҳо, сохтмончиён, намояндагони Сафоратхонаи Ҷопон дар Тоҷикистон инчунин аҳли ҷамоатчигии шаҳраки Панҷ иштирок доштанд.


КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: