Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҷашни Истиқлолият халқи моро муттаҳидтар сохт

Ҷашни Истиқлолият халқи моро муттаҳидтар сохт

12-10-2016, 16:20
Хабарро хонданд: 240 нафар
Назарҳо: 0
Ҷашни Истиқлолият  халқи моро муттаҳидтар сохт

Абдусамад Абдуғаниевич Абдураззоқов аз рӯи ихтисос муҳандиси сохтмон буда, беш аз 22-сол мешавад, ки дар Федератсияи Русия дар муҳоҷират аст. Соҳиби шаш фарзанд ва чор набера мебошад.
Бо таъсис ёфтани намояндагии ҲХДТ дар Федератсияи Русия масъулияти муовини намояндаро дар ин кишвар ба уҳда дорад. Соҳибкори муваффақ буда, дар яке аз марказҳои калони савдои шаҳри Москва то шаш ҳазор муҳоҷири меҳнатиро сарпарастӣ менамояд.
Абдусамад Абдураззоқов дар як суҳбати телефонӣ ба чанд суоли мухбири ҷамоатии мо посух гуфт, ки мухтасари онро манзури хонандаҳо мегардонем.
-Муҳтарам Абдусамад Абдуғаниевич, Шумо дар бораи ҷаншнгирии 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз кадом манбаъҳо иттилоъ гирифтед ва андешаатон дар бораи чорабиниҳои баргузоршуда чӣ гуна аст?
-Ман бо шаш фарзанду чор набераам ҷашну тантанаҳои 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ватани азизамонро аз тариқи шабакаҳои телевизонии ҷумҳурӣ, ки мустақиман пахш мешуд, тамошо кардем. Ҳамон рӯзҳо мо аз пагоҳӣ чорабиниҳои дар сатҳи олӣ омода намудаи сокинони шаҳру ноҳияҳои мамлакатамонро дида, рости гап, ба мардуми ба нангу номуси он аҳсан мегуфтам. Ба фарзандонам нигоҳ карда, бо ифтихор таъкид мекардам: «Бинед, бачаҳои азизам, халқи мо чӣ хел Ватани зебо сохтааст. Давлатсозӣ кори осон нест, лекин мардуми шарафманди Тоҷикистон аз уҳдаи ана ҳамин кори бузургу пурифтихор таҳти Сарварии фарзанди фарзонаи халқи тоҷик, асосгузори ҳамаи ин шодкомиҳо, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон чунин давлате сохтем, ки оламиён дар ҳайрат мондаанд. Бо дидани тантанаҳои идонаи халқи Тоҷикистон аз хурсандӣ дар куртаам намеғунҷидам. Чорабиниҳои доиргардида, гумон мекунам ҳамраъйиву якдилии сокинони мамлакатро намоиш дод.
-Яъне то ба ин рӯзҳои нек расидани халқи Тоҷикистон роҳи паймудаи он хеле душвор буд…
-Бале, ҳамон вақтҳо зиддиятҳои дохилӣ ба дараҷае расида буд, ки сокинони мамлакат аз будану набудани худ ва ояндаи неки Тоҷикистон, ҳамчун давлати мустақил шубҳа доштанд. Аз ин рӯ, мо-муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Русия аз зиндагии пурнишоти халқи азизамон хушҳол гашта, шарики хурсандии онҳо будем. Дар арафаи рӯзи Истиқлолият дар яке аз толорҳои калони шаҳри Маскав ҷамъомади калоне ороста, аз роҳи тайкардаи халқи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шудем. Нотиқон давраи соҳибистиқлолии ҷумҳуриро зина ба зина таҳлил намуда, дастовардҳои имрӯзаи Тоҷикистонро комёбиҳои бузург дар таърихи давлатдории навини тоҷикон маънидод карданд. Тинҷию осудагии Ватани азизамонро беҳтарин неъмати дунё гуфта, ба Сарвари муаззами он, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аҳсан мехонданд.
-Аз нигоҳи шумо бетарафӣ нисбат ба тақдири Ватан чӣ маънӣ дорад?
- Дар дунё бисёр халқу миллатҳое ҳастанд, ки дар орзуи давлатдорӣ ҳастанд. Ва то кунун миллатҳоеро медонем, ки ҳазорсолаҳо боз дар орзуи соҳиби давлат шудан мубориза мебаранд. Мисли курдҳо шотландҳо ва ғайраҳо. Ҳоло дар дунё кишварҳое ҳастанд, ки аз сабаби нотифоқӣ кишварҳои худро ҷои аҷнабиён гардонданд. Ба ин гуфтаҳо Афғонистону Сурия, Ироқу дигар кишварҳо мисол шуда метавонанд, ки ҳар рӯз садҳо одамон ба ҳалокат мерасанд. Дар телевизион ҳар рӯз нишон медиҳанд, ки дар Ироқу Сурия ҳатто ягон хонаи обод намондааст. Сокинони ин кишварҳо аз сабаби ҷангу низоъҳо барои раҳоӣ ёфтан аз марг рӯ ба Аврупо мениҳанд.
Ҳолати онҳоро дида шукр аз Ватани азизам мекунам, ки мо ба он дараҷаҳо нарасидем. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки халқу ҷумҳуриро аз ин варта наҷот диҳад. Ҳангоми тамошои чорабиниҳои идонаи Тоҷикистон шарикони ҳамкорамро аз дигар кишварҳо дидам, ки дар тантанаҳои мардуми мо иштирок доранд. Ва аз дил гузаронидам «Бубинед, мо чӣ хел Ватани обод дорем». Зеро ҳар гоҳе бо онҳо вомехӯрдам, аз суҳбаташон эҳсос мекардам, ки дар бораи Тоҷикистон кам маълумот доранд.
-Аз рӯи гуфтаи муҳоҷирони меҳнатӣ шумо беш аз ҳаждаҳ сол мешавад, ки роҳбару маслиҳатчии қариб шаш ҳазор муҳоҷирони меҳнатӣ дар маркази савдо мебошед. Ин боварӣ ба шумо чӣ гуна муяссар шуд?
-Муҳити мавҷуда маро дар зиндагӣ пухта кард. Дар ин ҷо, ки ғайри тоҷикон дигар миллатҳо дар муҳоҷирати меҳнатӣ мебошанд, ин ҳолат водорам сохт, ки тоҷик будани худро фаромӯш накунем. Шаъну шараф, нангу номус аз ҳама чизи дунё болотар аст. Кору фаъолият дар ин ҷо маро ба маъмурияти маркази савдо наздик гардонд. Роҳбарони маркази савдо дар бисёр ҳолатҳо барои беҳтар шудани низоми кор, сар назадани ягон моҷаро дар байни тоҷирону соҳибкорон аз ман маслиҳат мепурсиданд. Ин иқдом ба хотири пешгирии ҳар гуна нофаҳмиҳою бетартибиҳо нигаронида шуда буд.
Ҳар чӣ, ки дар ин ҷо бо роҳбарон маслиҳат мекардем, гуфтаи онҳоро ба ҳамватанонамон, ки дар ин ҷо ба тиҷорату соҳибкорӣ машғуланд, мерасонидам. Ана ҳамин тавр, солҳои тӯлонӣ мешавад, ки ин масъулиятро ба уҳда дошта, дар ин давра имконияту таҷрибаи андӯхтаамро барои ба кор таъмин намудани ҳамватанон ва дар ҳолати дармондагӣ ба онҳо кӯмак расонданро вазифаи худ медонам. Маскав шаҳри калон аст. Бинобар ҳамин ҳамеша таъкид мекунам, ки ҳушёриро аз даст надиҳанд ва шаъну шарафи Тоҷикистонро бо амалҳои зишти худ паст назананд.
Хушбахтона, имрӯз раванди ба ҳам наздикшавӣ ва муттаҳидшавии ҳамватанон баръало ба чашм мерасад. Мебинам, ки дар ҳолати зарурӣ онҳо барои дастгирии якдигар мешитобанд. Бо ин мақсад ман дар ин ҷо ёрдамчиёну ҷонишинҳои худро дорам. Онҳо бо мақсади кӯмак расондан ба ҳамдиёрони эҳтиёҷманд китоб ва сандуқи хайрия кушодаанд. Маблағе, ки дар ин ҷо ҷамъ мешавад, бо ҳамин мақсад истифода шуда, ҳар як тини хароҷот зери назорат аст.
Дар ин марказ на танҳо тоҷирону соҳибкорон аз маслиҳату таҷрибаи мо собиқадорон истифода мебаранд, инчунин дигар ҳамватанони мо берун аз он низ, омада хоҳиши бо ҷамъияти мо ҳамроҳ шуданро мекунанд. Алҳол 400 нафар ҳамдиёрони мо, ки дар нақлиёти мусофиркашонӣ ба мусофирон хизмат мерасонанд, бо мо ҳамкорӣ доранд. Ба шарофати дастгирии онҳо, ки омаду рафти одамонро ба уҳда мегиранд, мо дар шаҳри Маскав чашнҳои Наврӯз, Истиқлолияту Ваҳдат, дигар идҳои миллиро дар сатҳи баланд баргузор менамоем. Чорабиниҳои мо низ мисли Тоҷикистон дар сатҳи баланд ва руҳияи хештаншиносию ватандӯстӣ доир мегардад.
-Шумо ҳамчун муовини намояндаи ҲХДТ дар Федератсияи Русия кадом омилҳоро ҷиҳати таҳкими ваҳдати миллӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ зарур мешуморед?
-Ташкил шудани намояндагии ҲХДТ-ро аз рӯи мушоҳидаам бисёр одамон хуб пазируфтанд. Ҳатто баъзе нафарон омодагии худро барои узвият ба ин ҳизб изҳор менамоянд. Боварӣ дорам, ки бо амалӣ гаштани ин иқдом, кор ранги дигар мегирад. Роҳбари намояндагии ҲХДТ дар Федератсияи Русия Саидбек Мирзомиддинов дар ташкил ва гузаронидани ҳавзаҳои интихоботӣ, раъйпурсӣ, ҷашну тантанаҳое, ки ба Тоҷикистон дахл дорад, саҳми хешро мегузорад.
ҲХДТ, ки сарварии онро Ҷаноби олӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ӯҳда дорад, мақсаду мароми халқи Тоҷикистонро амалӣ менамояд. Авлодони ман, ки дар он ҷо ҳаёт ба сар мебаранд, аз тинҷию осудагии Ватан меболанд. Аз ин рӯ, шахсан ман аз рӯзи нахустини роҳбари давлат шудани Эмомалӣ Раҳмон ва қадамҳои нахустин гузоштани ӯ дар роҳи сулҳу ваҳдат боварӣ доштам, ки халқи мо албатта ба чунин рӯзҳои нек мерасад. Ман ҳар сол дар давраи таътили тобистонаи фарзандону наберагон ба Тоҷикистон рафта, хешону наздикони худро хабар мегирам. Шаҳри Душанбе дар ҳақиқат зебою дилрабо шудааст. Кӯчаю хиёбонҳо, боғу гулгаштҳо иморату биноҳои хуштарҳи замонавӣ, чеҳраҳои болидаи хурду калонро дида, ифтихор мекунам, ки ин диёри биҳиштосо Ватани ман аст. Чунин тағйиротҳо на танҳо дар пойтахт, балки дар тамоми минтақахои ҷумҳурӣ идома дошта, аз зиндагии пурнишоти мардуми мо далолат мекунад.
-Ба ҳар ҳол, шумо дар кишвари дигар кору зиндагӣ мекунед, ҳамин дуриро дар он ҷо чӣ гуна эҳсос мекунед?
-Ҳарчанд дар Ватан набошам ҳам, лекин доимо ҳамнафасу ҳамболи он ҳастам. Шабакаҳои телевизони Тоҷикистонро бо аҳли хонавода тамошо карда, хаёл мекунам, ки ҳамеша бо мардуми азизамон мебошам. Баробари онҳо механдаму меболам ва ифтихор мекунам, ки «…Дилоро чунин як Ватан дорам».
Рӯзҳои ҷашнгирии 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии азизамон гузашти низомии ҷузъу томҳои қувваҳои мусаллаҳро аз шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон тамошо карда, ашки шодӣ мерехтам. Дар зери мусиқии мутантан қадамзании аскарону афсаронро тамошо карда, бори дигар боварӣ ҳосил кардам, ки ҳеҷ бадхоҳе осоиштагии халқи моро халалдор нахоҳад кард. Ҳар рӯз бо Тоҷикистон дар алоқа ҳастам. Аз гуфтугӯ бо ҳамдиёрон ҳис мекунам, ки руҳафтодагию ноумедӣ аз вуҷуди онҳо дур шудааст. Онҳо дар кадом гӯшае бошанд, албатта саҳмашон барои ободии Тоҷикистон мерасад. Ҳоло ман соҳибкоронеро медонам, ки ба дигар давлатҳо рафта, доду гирифт мекунанд. Боварӣ дорам, ки таҷрибаи онҳо оянда барои Тоҷикистон аз аҳамият холӣ нест.
-Барои афзун гардонидани комёбию дастовардҳои имрӯзаи Тоҷикистон боз кадом омилҳое ҳастанд, ки амалӣ шудани онҳо ба баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамояд?
-Бунёди роҳу кӯпрукҳо, нақбу неругоҳҳои барқи обӣ, садҳо мактабҳои нав, ки дар давраи соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ амалӣ шуд, заминаи боэътимоде барои фардои неки Ватани азизи мо хоҳад гашт. Ин омилҳое ҳастанд, ки мардуми моро бо ҳам наздик мегардонад. Тамоми соҳаҳо рушд ёфта, ба баланд гардидани сатҳи зиндагии сокинони мамлакат мусоидат менамояд.
- Ташаккур барои сӯҳбати самимӣ, ба шумо барори кор мехоҳем!

Шералӣ Мустафоқулов,
журналист.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: