Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Киев пешниҳоди Русияро бобати бозкушоии роҳҳои ҳавоӣ рад кард

Киев пешниҳоди Русияро бобати бозкушоии роҳҳои ҳавоӣ рад кард

30-10-2015, 09:00
Хабарро хонданд: 434 нафар
Назарҳо: 0
Киев пешниҳоди Русияро бобати бозкушоии роҳҳои ҳавоӣ рад кардАгентии федеролии нақлиёти ҳавоии Русия ба Украина пешниҳод кард, ки дар мавриди дубора сар кардани парвозҳои байниҳамӣ гуфтугӯ сурат гирад, аммо Киев ин пешниҳодро рад кард.
Чунин нома ба Идораи давлатии ҳавоии Украина 28 октябр ирсол шуда буд. Дар ин нома "омодагӣ барои идомаи муколама бо мақсади азсаргирии парвози ҳавопаймоҳо миёни ду кишвар дар зудтарин фурсат" изҳор шудааст.
Намояндаи вазорати зербиноии Украина хабар дод, ки чунин машварат танҳо дар сурате оғоз мешавад, ки "агар Русия ҷаримаҳоро пардохт кунаду парвозҳо ба манотиқи дастрасии маҳдуд, асосан ба Қримро қатъ намояд".
Украина дар посух ба ғасби нимҷазира парвозҳо барои ширкатҳои ҳавоии русиро 25 октябр манъ кардааст. Чунин манъкунӣ ба ҳазорон мусофир таъсири манфӣ расонид. Онҳо водор мешаванд, ки тавассути хатсайрҳои ғайримустақим ва гаронарзиш парвоз кунанд ва ё ба сафари 13-соата бо қатор омода бошанд.
©ozodi.org
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: