Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » «Ҷоми Президенти Тоҷикистон» ба Украина бурда шуд

«Ҷоми Президенти Тоҷикистон» ба Украина бурда шуд

7-10-2016, 09:39
Хабарро хонданд: 313 нафар
Назарҳо: 0
«Ҷоми Президенти Тоҷикистон» ба Украина бурда шуд


/АМИТ «Ховар»/. Мусобиқаи IV байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо пирӯзии паҳлавони украинӣ Станислав Бондаренко хотима ёфт. Ҷои дуюмро варзишгари кубагӣ Гарсия Мендоза ва ду ҷои сеюмро паҳлавонони ӯзбекистонӣ Муҳсин Кисомиддинов ва Абдулло Тангриев ба даст оварданд.
Дар расми ифтитоҳи мусобиқа раиси шаҳри Ваҳдат Раҳмоналӣ Амирзода ва муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Дилшод Назаров ба варзишгарон барор хостанд.
Дар мусобиқа, ки дирӯз, 5 октябр дар Варзишгоҳи «Хайр»-и шаҳри Ваҳдат баргузор гардид, 45 варзишгар аз ҷумҳуриҳои Афғонистон, Беларус, Италия, Непал, Куба, Озарбойҷон, Покистон, Русия, Ӯзбекистон, Украина, Ҷопон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ширкат доштанд.
Мусобиқаро доварони сатҳи ҷаҳонӣ аз Афғонистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ҳакамӣ намуданд.
Ғолиби ҷои аввали мусобиқа соҳиби 56 ҳазор сомонӣ, ҷои дуюм 32 ҳазор сомонӣ ва ҷои сеюм сазовори 16 ҳазор сомонӣ гардиданд. Ҳамзамон ба ғолибон Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: