Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Об ҳастии ҳаёт аст!

Об ҳастии ҳаёт аст!

5-10-2016, 12:06
Хабарро хонданд: 197 нафар
Назарҳо: 0
Об ҳастии ҳаёт аст!

Об неъмати Худододест, ки ҳастии инсон маҳз аз он вобастааст. Об ҳастиест, ки арзандатар ва арзишмандатар аз ҳар неъмат буда, бидуни он одамї, набототу њайвонот зинда намемонад.

Яке аз мушкилоте, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, норасогии об мебошад. Дар ҷаҳон зиёда аз як миллард одамон аз ин неъмати худодод танқисӣ мекашад. Норасогии об рӯз то рӯз дар ҷаҳон бештар эҳсос мешавад ва бартараф намудани норасоиҳои ин бахш, ҳамчунин истифодаи захираҳои сарфакоронаи оби нӯшокӣ яке аз ҳадафҳои бузурги даврони кунунист.

Ҳамоно мушкилоти норасои об ва истифодабарию таъмини он, инчуни таъсири доимии он ба соҳаи иқтисодиёту иҷтимоиёти давлатҳо, аз ҷумлаи масъалаҳои мубрам боқӣ мемонад ва имрӯз ин мушкилот ба сатҳи муносибатҳои байнидавлатӣ баромадааст, ки ин матлаб аз касе пӯшида нест.

«Поку тоза нигоҳ доштани ин неъмати худодод ва ҳастии табиат вазифа ва масъулияти ҳар фарду ҳар шаҳрванд аст»- иброз доштаанд Пешвои миллат, Асосгузори сулњу вањдати миллї, Президенти Ҷумњурии Тољикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Мутассифона имрӯзҳо дар аксар манотиқу маҳалҳои мо ба қадри ин неъмати бебаҳо нарасида, ба ҳастии он арҷ намегузоранд. Махсусан, ин ҷо мехостам, мушоҳидаю дидаамро нисбати яке аз оби ҷуйборе, ки дар қаламравӣ ноҳияи Сино воқеъст, иброз бидорам. Яъне, аз ҷӯйбори калоне, ки дар ноҳияи номбурда, дар кӯчаи Ғаффор Мирзо воқеъ аст, баъзе нафарон шикоят мекарданд ки ин ҷӯйбор ба як обрави ифлос мубаддал гаштааст ва аз он нафарони зиёд менӯшанду истифода мебаранд. Ин ҳама ғализиҳо ва ифлосиҳо магар ба саломатии мардум зиёну таъсири манфӣ намерасонад? Ва ин ҳамаро кӣ ва кадом ташкилоти марбута бояд назорату чораандешӣ намояд?



Воқеан, мо аз ҳолу аҳволи ин ҷӯйбор, ки аз он мардуми зиёде истифода мебаранд бори дигар дида намудем. Дар атрофии он хасу хошоки зиёд ҷой дошта, рӯз то рӯз дар ҳоли афзоиш аст ва боз танӯре ҷой дорад, ки хоку хокистари онро ба ҳамон об ва гирду атрофии љуйбор мепартоянд. Ин ҳама беаҳмиятиро чї тавр метавон таҳаммул кард? Набояд фаромӯш кард, ки замоне дар Бухорои Шариф ҳам чунин ҷӯю наҳрҳои оби тозаю шаффоф дошта мавҷуд буданд ва он ҳавзҳое, ки аз он мардум об менӯшиданду истифода мебурданд, қассобон ҳамон ғализиҳои чорвои забҳ кардаи худро, сартарошон мӯйҳои тарошида ва баъзеҳо низ ҳама он ғализиҳои худро ба он ҳавзҳо мепартофтанд ва ҳатто, мардуми зиёд дар он ҷо таҳорат мекарданд. Ҳамин буд, ки дар Бухоро маризии марговаре «Вабо» пайдо шуда авҷ гирифт ва мардуми зиёде аз ин маризӣ фавтиданд.
Суоле ба миён меояд, ки ин ҳамаро масъулину мутасаддиён кай ба низом медароранд? Расмҳо далел ба ин гуфтаҳои мост.

Фирдавси Абдураҳмон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: