Таҷлили Рӯзи шаҳри Хуҷанд27-09-2016, 13:05
Хабарро хонданд: 165 нафар
Назарҳо: 0
Дар асоси нақшаи чорабинӣ ва бо даъвати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дастаи Медиапортали «Тироз» бо ҳадафи инъикоси фаврии тантанаҳои таҷлили бошукӯҳи Рӯзи шаҳри Хуҷанд дар идгоҳи асосӣ — Маҷмааи таърихии фарҳангии «Истиқлол» қарор дорад. Ин маҷмааъ чанде қабл бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуда буд ва тӯҳфаи хубу арзандае шуд барои сокинон ва меҳмонони шаҳр дар рӯзҳои таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Бояд гуфт, ки имсол маротибаи дуюм аст, ки шаҳрвандон ва меҳмонони Хуҷанди бостону ҳамешаҷавон Рӯзи шаҳри Хуҷандро ҷашн мегиранд. Зеро, ҳанӯз 24-уми сентябри соли 2014 Маҷлиси вакилони халқи шаҳр нишони шаҳрро тасдиқ намуда, 25-уми сентябрро ҳамчун Рӯзи шаҳри Хуҷанд эълон намуда буд. Идгоҳ ба назар хеле зебо ва назаррабо мерасад ва оҳиста-оҳиста сокинон ва меҳмонон барои тамошои барномаи музайяни фарҳангию фароғатӣ ҷамъ мешаванд. Интизорӣ меравад, ки дар ин чорабинӣ меҳмонон аз тамоми манотиқи кишвар ва бародаршаҳрҳои Хуҷанд иштирок намоянд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.