Ифтитоҳи Корхонаи равғанбарории ҶДММ «Спитамен Ойл» дар ноҳияи Спитамен13-09-2016, 14:20
Хабарро хонданд: 330 нафар
Назарҳо: 0
Дар рӯзи сеюми сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани Корхонаи равғанбарории ҶДММ «Спитамен Ойл» дар ноҳияи Спитамен иштирок намуданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лента ва пахши тугма расман ба фаъолияти ин корхонаи муҳими саноатӣ оғоз бахшида ифтитоҳи онро руйдоди фараҳбахш дар рӯзҳои таҷлили ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд. Корҳои сохтмонӣ дар Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Спитамен Ойл» соли 2010 дар минтақаи саноатии Ҷамоати шаҳраки Навкати ноҳия дар асоси шартнома бо ширкати «Кушо» оғоз шуда дар остонаи таҷлил аз ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфтааст. Кори истеҳсолот дар коргоҳҳои алоҳида ҷараён гирифта аз марҳилаҳои фишордиҳӣ, ҷабидан, доғкунӣ ва бастабандӣ иборат мебошад. Корхона дорои ду деги бухорӣ ва дегхонаи равғангармкунӣ бо иқтидори 2 млн килокалория дар як соат буда, ҳамчунин анбори захираи ашёи хом барои 12 ҳазор тонна, анборҳои равғани нимтайёр ва тоза барои 150 тонна, инчунин анбори хӯроки чорвою паранда барои 1000 тонна дорад. Тавре иттилоъ дода шуд, дар ҶДММ «Спитамен Ойл» асосан коркарди тухмии техникӣ аз ҳисоби маҳсулоти кишоварзӣ роҳандозӣ шуда барои бунёди он 32 миллион сомонӣ харҷ шудааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар коргоҳҳои алоҳида бо рафти истеҳсолот бевосита шинос шуда бунёди ин корхонаи саноатиро иқдоми муҳим ва саривақтӣ дар коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, иштироки фаъол дар татбиқи Барномаи парандапарварӣ ва саҳмгузории бузург дар паст кардани шиддати воридоти маҳсулот аз хориҷи мамлакат арзёбӣ карданд ва барои истеҳсоли маҳсулоти хушсифат ва ҷавобгӯй ба талабот масъулини соҳаро вазифадор намуданд. Дар ин корхонаи бузурги саноатӣ минтақаҳои алоҳидаи истеҳсолӣ амал мекунанд, ки аз минтақаҳои истеҳсоли равған ва хӯроки чорво бо иқтидори коркарди 46 ҳазор тонна донагиҳои равғандор аз қабили лубиё, дони офтопараст, пунбадона ва зағир дар як сол, минтақаи истеҳсоли равғани хушсифат ва бебӯй бо иқтидори солонаи 32 ҳазор тонна, минтақаи бастабандии маҳсулоти тайёр дар зарфҳои ғунҷоиши 1,2,3,5 ва 20 литра, минтақаи истеҳсоли хӯроки омехтаи чорвою паранда ва моҳӣ дар ҳаҷми 25 тонна дар як соат ва минтақаи истеҳсоли резагандуму сабус бо коркарди ниҳоии 200 тонна гандум дар як рӯз ва истеҳсоли 44 тонна сабусу 10 тонна гандумреза дар як соат иборат мебошад. Дар маҷмуъ иқдоми бунёди ин корхона, ки бо коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ҳаммаром якчанд маҳсулоти зарурӣ истеҳсол менамояд, дар миёни кишварҳои минтақа аз таҷрибаҳои нахустин ва беназир ба ҳисоб рафта дар он то 155 нафар бо ҷойи кор ва музди маоши хуб таъмин мегарданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.