Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Мулоқот бо сокинон ва фаъолони ноҳияи Спитамен

Мулоқот бо сокинон ва фаъолони ноҳияи Спитамен

13-09-2016, 14:12
Хабарро хонданд: 287 нафар
Назарҳо: 0
Баъди иштирок дар расми ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун дар ноҳияи Спитамен Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳия бо сокинон ва фаъолон мулоқоти судманд анҷом доданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирокчиёни ин мулоқотро бо ҷашни 25- солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва 90 – солагии таъсисёбии ноҳияи Спитамен табрик гуфта таъкид намуданд, ки дар роҳи расидан ба ин рӯзҳои неку воқеан идона бо сабру таҳаммул, саъю талоши ватандӯстона ва заҳмати фидокорона, сокинони заҳматқарини ноҳияи Спитамен низ саҳми сазовор гузоштаанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дастоварду музаффариятҳои мардуми меҳнатқарини ноҳияи Спитамен дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ёдовар шуда, изҳор доштанд, ки танҳо дар панҷ соли охир дар ноҳия 15 корхонаи нав ба фаъолият оғоз карда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар давоми шаш соли охир якуним баробар зиёд шудааст.
Бо таъкиди Президенти мамлакат умуман, дар замони истиқлолият барои тараққиёти иқтисодиву иҷтимоии ноҳия аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузории буҷети давлатӣ беш аз 300 миллион сомонӣ, аз ҷумла тавассути амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ 17 миллион сомонӣ равона карда шудааст.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки мардуми сарбаланди ноҳияи Спитамен бо шукргузории бепоён аз сулҳу суботи комили Ватан ва соҳибистиқлолии сарзамини аҷдодӣ минбаъд низ барои ободиву пешрафти Тоҷикистон садоқатмандона кору фаъолият карда, сиёсати Ҳукумати мамлакатро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд ва дар пешрафту тараққиёти минбаъдаи кишвари азизамон саҳми сазовор мегузоранд.
Дар мулоқот бо Сарвару Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъдан сокинони ноҳия ва намояндагони касбу кори гуногун барои саҳми беандоза ва хизматҳои бузург дар рушду тараққиёти ноҳияи Спитамен ва дар маҷмуъ Тоҷикистони соҳибистиқлол ба Президенти кишвар изҳори сипосу миннатдорӣ карда ҷонибдории хешро аз сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат бо қаноатмандӣ таъкид намуданд.










Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: