Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Ҷамъбасти фаъолияти Комиссияи кор бо занону ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

Ҷамъбасти фаъолияти Комиссияи кор бо занону ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

16-10-2015, 11:40
Хабарро хонданд: 483 нафар
Назарҳо: 0
Ҷамъбасти фаъолияти Комиссияи кор бо занону ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти ХатлонРӯзи 16 октябр, дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти нуҳмоҳаи Комиссияи кор бо занону ҷавонони Кумитаи иҷроияи вилоятӣ бо иштироки мудирони шуъбаву бахшҳо ва комиссияҳои кор бо занону ҷавонони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Қӯрғонтеппа доир гардид. Дар ҷаласаи мазкур мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоят С. Худойназаров, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ш. Шомуддинова ва мухбири рӯзномаи ҳизбии «Ҳамрози халқ» З. Бозорова ширкат доштанд. Ҷаласаро мудири шуъбаи кор бо занону ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ш. Шомуддинова оғоз намуда, дар назди иштирокдорон оид ба фаъолияти комиссия дар нуҳ моҳи сипаришудаи соли 2015 ҳисобот дод. Сипас, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Қӯрғонтеппа Дилафрӯзи Абдулло, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ Л. Сулаймонова ва дигар масъулон баромад намуда, оиди корҳои ба анҷом расонидаашон тӯли нуҳ моҳи соли равон дар назди ҳозирин ҳисобот доданд.
Ҷамъбасти фаъолияти Комиссияи кор бо занону ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти ХатлонМудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон С.Худойназаров, фаъолияти комиссия, ҳайати сифатии аъзои ҲХДТ, ҳолати ҷалби ҷавонон ва занон ба узвияти ҲХДТ дар ноҳияҳоро таҳлил намуда, дар назди иштирокдорон оид ба вусъати корҳои таблиғотӣ, тақвият бахшидани корҳои Ситодҳои таблиғотии ҳизбӣ ва гуруҳҳои мобилӣ, ба роҳ мондани таблиғот тавассути корҳои амалии созандагиву бунёдкорӣ ва ба воситаи сомонаи интернетиву нашрияҳои ҳизбӣ дастраси умум гардонидани дастовардҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, вазифаҳои навбатиро муайян намуд.
Дар фароварди кори ҷаласа ба иштирокдорон наворҳои корҳои оммавию сиёсии дар шаҳри Қӯрғонтеппа баргузоргардида намоиш дода шуд.
©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар в. Хатлон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: