Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон фарогири муҳимтарин паҳлуҳои зиндагӣ13-10-2015, 07:00
Хабарро хонданд: 317 нафар
Назарҳо: 0
Дар толори ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Роҳнамо” бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ маҷлис баргузор гардид. Ин чорабинӣ бахшида ба корҳои омодагӣ ва таблиғотӣ ба ифтихори Рӯзи қабули Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуда, дар ин чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Қӯрғонтеппа Т. Наҷидуллоев иштирок ва суханронӣ намуд. Дар баромади худ Т. Наҷидуллоев қайд намуд, ки ҳар сол 6-уми ноябр дар ҷумҳурӣ Рӯзи Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Ин қонуни асосии кишвари мо кафили амнияти ҳар сокини мамлакат мебошад. Сарқонун аз 10 боб ва 100 модда иборат аст, бо истифодаи ин Қонун, ки шаҳодатномаи миллат дониста шудааст, ҳама сохторҳои ҳокимият фаъолияти худро пеш мебаранд. Озодии шаҳрвандон, ҳуқуқи таҳсил дар мактаб ва донишкадаҳои олиро ҳамин қонун ҳимоя мекунад. Ҳар кишвари пешрафта ва мутамаддин Сарқонуни худро дорад ва аз рӯи он амал мекунад. Мардуми бофарҳанг Сарқонунро муқаддас шуморида, вайрон кардани муқаррароти онро ҷиноят мепиндоранд. Нафаре ҳақ надорад, ки нисбат ба ин ҳуҷҷати мамлакат беэҳтиромӣ зоҳир намояд, зеро он бо райъи тамоми мардум рӯи кор омадааст. Калиди ганҷи саодати инсон дар ҳамин қонун аст.
Баъд аз он, оиди ин мавзуъ раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Роҳнамо” Қ.Қурбонов, директори МТМУ №10 Л.Сафарова ва директори Гимназияи физикӣ-математикии “Ориёно” Б.Қосимова баромадҳои пурмазмун намуда, саҳми Президенти кишвар, раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар қабули Сарқонуни навини давлатдории тоҷикон ва муаррифии он дар сатҳи байналмиллалӣ бузург арзёбӣ намуд. ©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар в. Хатлон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.