Зарари молиявӣ ошкор шуд5-08-2016, 17:00
Хабарро хонданд: 240 нафар
Назарҳо: 0
Кормандони шуъбаи назорати давлатии молиявии Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ алайҳи коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ин муддат 55 корхона, муассиса ва ташкилотро санҷидаанд. Дар натиҷа 7 миллиону 324,5 ҳазор сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардид. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 3,5 баробар зиёдтар аст. 6 миллиону 56 ҳазор сомонии ин зарар марбути сохторҳои Бонки давлатии Амонатгузории ҷумҳурӣ дар вилоят мебошад. Бештар аз якуним баробар шумораи ҷиноятҳо назар ба соли 2015 дар соли ҷорӣ афзоиш ёфтаанд. Аз 77 ҷинояти хусусияти коррупсионидошта 35-тоашон ба азхудкунии воситаҳои пулию молӣ ва исрофкорӣ марбутанд. Ҷиноятҳо, қаллобӣ, сохтакории хизматӣ нисбат ба соли 2015 бештар мушоҳида шуданд.
|
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.