Соҳибкорон дар таъмири роҳҳо саҳм доранд4-08-2016, 14:00
Хабарро хонданд: 242 нафар
Назарҳо: 0
Раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва мутобиқ намудани роҳҳои мошингард ба талаботи байналмилалӣ яке аз вазифаҳои аввалини вазорати нақлиёти мамлакат маҳсуб гардида, дар ин самт корҳои назаррас ба сомон расонида мешаванд, иттилоъ дод Шералӣ Ганҷалзода вазири нақлиёт зимни нишасти матбуотӣ, ки санаи 1 август доир гардид.
Баробари таъмиру таҷдиди саривақтӣ ва босифати шоҳроҳҳои Душанбе-Турсунзода ва Айнӣ-Панҷакент айни замон дар қаламрави мамлакат 18 лоиҳаи инвеститсионӣ мавриди амал қарор дорад, ки маблағи умумии онҳо 655, 3 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳанд. Имрӯз азнавсозии роҳи мошингарди Кӯлоб-Қалъаихумб, Восеъ-Ховалинг босуръат идома дошта он рӯз дур нест, ки баробари ба охир расонида шудани сохтмони пул ва нақбҳои роҳи оҳани Душанбе-Хатлон калонтарин минтақаи мамлакат дубора бо роҳи оҳан пайваст ва ҳамлу нақли бору мусофирон таъмин карда мешавад. Дар нишаст махсус таъкид гардид, ки баробари аз ҳисоби маблағи умумиҷумҳуриявӣ ва маблағгузории сармояи хориҷӣ саҳми соҳибкорони ватанӣ ва таъмиру нигоҳдории роҳҳои автомобилгард назаррас мебошад. Танҳо дар нимсола бо саҳми онҳо беш аз 172 километр роҳ таъмир ва 6 пул аз нав барқарор карда шуд. Ин ташаббуси наҷиб дар қаламрави кишвар ҳамовозӣ пайдо карда, давра ба давра роҳҳои мамлакат обод шуда истодаанд. Самараи неки беҳдошти роҳҳо ба ҳаҷми боркашонӣ таъсири калон расонида, мусофиркашонӣ низ рӯ ба беҳбудӣ меоварад. Зимни посух ба саволи хабарнигори ҳафтанома оид ба рафти корҳо дар нақби сохтмонаш ба анҷомнарасидаи «Истиқлол» иттилоъ дода шуд, ки баъди бетонпӯш кардани сақфи нақб ва ба сомон расонидани хатти обпарто ва сарфаи як миллион сомонӣ имконияти насби муваққатии рӯшноии он пайдо шуда, чароғон кардани он имрӯз идома дорад. Дар хусуси беҳдошти вазъи зиддисӯхтории он ва насби таҷҳизоти ҳавокашӣ дар мувофиқа бо ҷониби Эрон лоиҳаи нав тарҳрезӣ карда хоҳад шуд. Дар бораи рафти корҳои таъмирии роҳҳои пойтахт ва вазъи мусофиркашонӣ дар шаҳри Душанбе посух дода шуд, ки вазорат дар мувофиқа бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии пойтахт тамоми чораҳоро меандешад, то мусофиркашонӣ дар шаҳр мутобиқ ба талабот бошад. М. Маҳмудов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.