Сабзӣ қимат шуд4-08-2016, 07:30
Хабарро хонданд: 285 нафар
Назарҳо: 0
Хуршед Сангаков, муовини раиси Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот дар нишасти хабарии ин ниҳод, афзуншавӣ ва пастшавии нархи баъзе молу маҳсулоти хӯрокворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қиёс намуда, гуфт: «Айни ҳол дар бозорҳои кишвар нархи як кило. сабзӣ ба 3 сомонӣ баробар аст, ки нисбат ба соли гузашта 1 сомонӣ қимат шудааст.
Номбурда аз коҳишёбии гӯшти гов ва гӯсфанд дар бозорҳои кишвар хабар дода, афзуд, ки феълан як кг. гушти гов 30 сомонӣ арзиш дорад, ки нисбат ба соли пешин 4 сомонӣ коҳиш ёфтааст. Як кило гӯшти гӯсфанд 33 сомонӣ аст, ки дар ҳамин давраи соли гузашта бо нархи 35 сомонӣ фурӯхта мешуд. Ин масъули Тоҷикматлубот мегӯяд, нархи картошка ва пиёз дар аксар бозорҳои кишвар якхела буда, тағйир наёфтааст. Арзиши як кило картошака 1,80 сомонӣ ва як кило пиёз дар ҳамин шабу рӯз ба 1,20 сомонӣ баробар аст. Вай инчунин оид ба натиҷаи фаъолияти кооператсияи матлуботи кишвар дар нимсолаи аввали соли равон иттилоъ дода, иброз дошт, ки аз рӯи ҳисоботи фаврӣ фоидаи тавозуни умумӣ дар ин нимсола 1 млн. 707 ҳазору 823 сомониро ташкил медиҳад. Даромади умумӣ ба 42 млн. 877 ҳазору 98 сомонӣ расонида шуд, ки баробар ба 109 фоизи нақша мебошад. И.Тоҳир |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.