Дар Исфара раванди обунашавӣ ба нашрияҳои ҳизбӣ бо маром идома дорад. То ин дам аз тарафи ситоди “Обуна-2017”-и кумитаи иҷроияи шаҳрӣ нишастҳо оиди ин масъала баргузор гардида, аъзоёни ситод вобаста ба корҳои анҷомёфта, гузориш доданд. Ҳамзамон, бевосита бо масъулин ва дар ҷойҳо бо аҳолӣ корбарӣ оид ба обуна шудан ба нашрияҳои ҳизбӣ, муҳимияти ин маърака ва набзи ҳизб будани нашрияҳо корҳои фаҳмондаҳӣ анҷом ёфта истодаанд.
Самараи ҳамин корбариҳост, ки кормандони соҳаи маориф ва аъзоёни ҳизб дар ин соҳа пешсаф мебошанд, ки дар давоми ду рӯз ба 100 нусха «Минбари халқ» ва 60 нусха «Сухани халқ» обуна шудаанд. Алҳол раванди обуна идома дорад ва чунончӣ раванди он нишон медиҳад, ҳизбиёни Исфара дар мӯҳлати муқарраргардида ин маъракаи муҳими ҳизбиро ҷамъбаст хоҳанд кард.